Назари Эргашев дар арафаи бозии "Истиқлол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ": барои се хол талош мекунем

© акс аз сомонаи бошгоҳи "Истиқлол"Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии "Истиқлол" ҳангоми нишасти матбуотӣ
Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии Истиқлол ҳангоми нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими “Истиқлол” - и Душанбе, дар арафаи бозӣ бо тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар нишасти матбуотӣ иштирок намуд.
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мубин Эргашев мегӯяд, марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC дар даври ниҳоӣ қарор дораду тимҳо тамоми нерӯяшонро барои пирӯзӣ хоҳанд дод.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Истиқлол” хотиррасон кард, ки тимҳо бояд ду бозии дигарро анҷом диҳанд, ки аз натиҷаашон баромад ба марҳилаи баъдӣ муайян хоҳад шуд.
“Дақиқан бозӣ бо “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мушкил хоҳад буд. Ин тим рақиби ҷиддӣ аст ва тамоми нерӯро барои пирӯзӣ медиҳад. Мо ҳам нақшаҳое барои ин бозӣ дорем ва умедворем, онҳоро амалӣ хоҳем кард. Мебинем, ки дар майдон чӣ рух медиҳад, бидуни шак мо барои се хол мубориза хоҳем бурд”, - изҳор дошт Эргашев.
“Истиқлол” дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 рӯзи 27 апрел муқобили дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ” – и Дубайи АМА вориди майдон мешавад. Дидори дастаҳо соати 23:55 ба вақти Душанбе дар назар аст.
Истиқлол дар бозии сеюм аз дастаи Ал-Ҳилол-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Лаҳзаҳои беҳтарини бозӣ: шикасти тими “Истиқлол” аз дастаи "Ал-Ҳилол" - видео
Қаблан тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Ҳисоби бозиро нахуст Бафетимби Гомис аз дасти ҳариф дар дақиқаи 24-ум кушод.
Аммо тими "Истиқлол" дар бозии пешин аз “Ал-Ҳилол” шикаст хӯрда буд, дар бозии дуюм намехост дубора он ҳолат такрор шавад ва ҳаминтавр давоми 14 дақиқа дар ду давр чор гол вориди дарвозаи арабҳо кард.
Чемпиони Тоҷикистон пас аз ин пирӯзӣ бо 7 хол ба садри ҷадвали гурӯҳи “А” баромад. “Ал-Ҳилол” ҳам, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст.
Лентаи хабарҳо
0