https://sputnik.tj/20210427/basharov-sitoraho-rusiya-yovaron-tojik-video-1039084449.html
"Чун узви оила": Ситораҳои Русия ёварони тоҷикашонро нишон доданду таъриф карданд – видео
"Чун узви оила": Ситораҳои Русия ёварони тоҷикашонро нишон доданду таъриф карданд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Чеҳраҳои шинохтаи Русия вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевзионҳои федералӣ дар мавриди ёрдамчиёни тоҷикашон мегӯянд, ки дар кору хоҷагӣ барояшон кумак мекунанд
2021-04-27T15:32+0500
2021-04-27T15:32+0500
2021-04-27T17:01+0500
видео
муҳоҷират
ситораҳо
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039067877_0:0:2560:1440_1920x0_80_0_0_9ed6e96cfa41c286de283c47e7e9d5b5.jpg
Марат Башаров, ҳунарманди шинохтаи Русия, ба барномаи “Ситораҳо ба ҳам меоянд” дар телевизиони “НТВ” бо ёрдамчияш, Илёс Раҳмонов, корманди кироя аз Тоҷикистон омад. Башаров изҳор дошт, ки Илёс ба ӯ дар корҳои хоҷагидорӣ кумак мекунаду дӯсти хуби аҳли хонаводааш мебошад. Илёс дар барнома изҳор дошт, ки рӯзи корияш дар соати 7 оғоз мешавад, аммо аз хоб соати 4 мехезад. “Субҳ мехезам, дар корҳои хоҷагидорӣ кумак мекунам, сабзазорро дуруст мекунам, бо саг сайругашт мебароям. Ҳар коре, ки дар хоҷагӣ бошад, анҷом медиҳам”, - нақл кард Илёс Раҳмонов. Ӯ аз Башаров тавсиф кард, ки инсони хубу ҳамакора мебошад ва ҳар вақте хоҳиш дошта бошад, худаш низ корҳои хоҷагидориро анҷом медиҳад. Қаблан ситораи дигари Русия дар мавриди корманди тоҷикаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат карда буд. Анастасия Волочкова аз зани тоҷик, ки солҳо дар хизмати ӯст, васф кард ва ӯро ҳамчун яке аз аъзоёни хонаводаи худ хонд. Волочкова гуфт, барои як оилаи тоҷик, ки дар хонаи ӯ кор мекунанд, ҳар моҳ 60 ҳазор рубл ҳақмузд пардохт мекунад. Ӯ гуфт, барои ин миқдор маблағ, зани тоҷик ҳамроҳ бо ҳамсари худ, хонаи ӯро тамиз мекунанд, барояш хӯрок омода мекунанд ва ҳамзамон боғу роғи ӯро ба тартиб меоранд.
https://sputnik.tj/20210105/behtarin-inson-ast-Volochkova-bori-nakhust-khizmatgorzani-tojikashro-nishon-dod-1032578647.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039067877_292:0:2212:1440_1920x0_80_0_0_4e03cfb03042de20ae50f9b285b42a78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ситора, телевизион, федералӣ,
ситора, телевизион, федералӣ,
"Чун узви оила": Ситораҳои Русия ёварони тоҷикашонро нишон доданду таъриф карданд – видео
15:32 27.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 27.04.2021) Чеҳраҳои шинохтаи Русия вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевзионҳои федералӣ дар мавриди ёрдамчиёни тоҷикашон мегӯянд, ки дар кору хоҷагӣ барояшон кумак мекунанд
Марат Башаров, ҳунарманди шинохтаи Русия, ба барномаи “Ситораҳо ба ҳам меоянд” дар телевизиони “НТВ” бо ёрдамчияш, Илёс Раҳмонов, корманди кироя аз Тоҷикистон омад.
Башаров изҳор дошт, ки Илёс ба ӯ дар корҳои хоҷагидорӣ кумак мекунаду дӯсти хуби аҳли хонаводааш мебошад.
“Дӯсти хуби фарзандонамон – духтари калонию писари хурдиямон мебошад. Парастори тоҷики мост”, - изҳор дошт Башаров дар муаррифии Раҳмонов.
Илёс дар барнома изҳор дошт, ки рӯзи корияш дар соати 7 оғоз мешавад, аммо аз хоб соати 4 мехезад.
“Субҳ мехезам, дар корҳои хоҷагидорӣ кумак мекунам, сабзазорро дуруст мекунам, бо саг сайругашт мебароям. Ҳар коре, ки дар хоҷагӣ бошад, анҷом медиҳам”, - нақл кард Илёс Раҳмонов.
Ӯ аз Башаров тавсиф кард, ки инсони хубу ҳамакора мебошад ва ҳар вақте хоҳиш дошта бошад, худаш низ корҳои хоҷагидориро анҷом медиҳад.
Қаблан ситораи дигари Русия дар мавриди корманди тоҷикаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат карда буд.
Анастасия Волочкова аз зани тоҷик, ки солҳо дар хизмати ӯст, васф кард ва ӯро ҳамчун яке аз аъзоёни хонаводаи худ хонд.
Волочкова гуфт, барои як оилаи тоҷик, ки дар хонаи ӯ кор мекунанд, ҳар моҳ 60 ҳазор рубл ҳақмузд пардохт мекунад. Ӯ гуфт, барои ин миқдор маблағ, зани тоҷик ҳамроҳ бо ҳамсари худ, хонаи ӯро тамиз мекунанд, барояш хӯрок омода мекунанд ва ҳамзамон боғу роғи ӯро ба тартиб меоранд.