https://sputnik.tj/20210426/rusiya-sodirot-benzin-mahdud-1039036268.html
Русия метавонад содироти бензинро маҳдуд кунад
Русия метавонад содироти бензинро маҳдуд кунад
Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимол дорад, ки Русия содироти бензинро маҳдуд кунад.
2021-04-26T11:30+0500
2021-04-26T11:30+0500
2021-04-26T11:47+0500
иқтисод
содирот
маҳдудият
бензин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577434_0:0:3098:1744_1920x0_80_0_0_31b28cd51d2fc3dfafd3dcefe01a76bc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳукумати Русия ният дорад бензинро ба рӯйхати молҳое, ки содироти он муваққатан маҳдуд карда мешавад, илова кунад, менависад Коммерсант.Тавре расонаҳо мегӯянд, пас аз мулоқот бо муовини сарвазир Александр Новак, ки 21 апрел баргузор шуд, ба Вазорати энергетика супориш дода шуд, ки лоиҳаи санадҳоеро омода кунад, ки маҳдудияти муваққатии содироти "баъзе намудҳои маҳсулоти нафтиро" дарбар мегирад. Ба навиштаи рӯзнома, аз протокол бармеояд, ки ҳукумат бензинро ба рӯйхати молҳои муҳим барои бозори дохилӣ ворид мекунад, ки "дар ҳолатҳои истисноӣ, маҳдудиятҳои муваққатӣ ё манъи содирот муқаррар карда мешавад".Новак дар моҳи ҷорӣ гуфт, ки Девони вазирон чораҳои маҳдуд кардани содироти бензинро баррасӣ мекунад. Ба гуфти ӯ, ин иқдом барои ба эътидол овардани вазъи бозори дохилӣ дар давраи авҷи талабот мусоидат хоҳад кард, аммо ҳоло ба ин ниёзе нест. Ин пешниҳодро қаблан Вазорати энергетика дастгирӣ карда буд.
https://sputnik.tj/20210316/Gusev-Tojikiston-kambudi-benzin-1033006911.html
https://sputnik.tj/20210422/bozori-suht-tojikiston-benzini-arzon-shirkatho-imtiyoz-1038920784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577434_369:0:3098:2047_1920x0_80_0_0_c4470aa741c9f1525d8df438d693f988.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, бензин, русия, маҳдуд
содирот, бензин, русия, маҳдуд
Русия метавонад содироти бензинро маҳдуд кунад
11:30 26.04.2021 (Навсозишуда: 11:47 26.04.2021) Эҳтимол дорад, ки Русия содироти бензинро маҳдуд кунад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳукумати Русия ният дорад бензинро ба рӯйхати молҳое, ки содироти он муваққатан маҳдуд карда мешавад, илова кунад, менависад
Коммерсант.
Тавре расонаҳо мегӯянд, пас аз мулоқот бо муовини сарвазир Александр Новак, ки 21 апрел баргузор шуд, ба Вазорати энергетика супориш дода шуд, ки лоиҳаи санадҳоеро омода кунад, ки маҳдудияти муваққатии содироти "баъзе намудҳои маҳсулоти нафтиро" дарбар мегирад.
Ба навиштаи рӯзнома, аз протокол бармеояд, ки ҳукумат бензинро ба рӯйхати молҳои муҳим барои бозори дохилӣ ворид мекунад, ки "дар ҳолатҳои истисноӣ, маҳдудиятҳои муваққатӣ ё манъи содирот муқаррар карда мешавад".
Новак дар моҳи ҷорӣ гуфт, ки Девони вазирон чораҳои маҳдуд кардани содироти бензинро баррасӣ мекунад.
Ба гуфти ӯ, ин иқдом барои ба эътидол овардани вазъи бозори дохилӣ дар давраи авҷи талабот мусоидат хоҳад кард, аммо ҳоло ба ин ниёзе нест.
Ин пешниҳодро қаблан Вазорати энергетика дастгирӣ карда буд.