Наметалабад: хайри 150 ҳазорсомонии ҷавони лӯлитабор барои мактабхонию барқрасонӣ

Обуна шудан
Бародарон Йериқулзодаҳо, аз лӯлитаборони Тоҷикистон, пули дар муҳоҷират ёфтаашонро барои мактабхонии наврасон, роҳсозӣ ва таъмини барқ дар деҳаашон сарф кардаанд, то насли ояндаашон чун онҳо азоб накашанд
Нуриддин Йериқулзода, аз хонаводаи миёнаҳоли лӯлиҳо дар деҳаи Ҳаливари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки пули аз муҳоҷират ёфтаашро барои таъмири роҳи талабаҳо ба мактаб ва барқрасонӣ сарф кард. Ӯ мегӯяд, бисёр мехоҳад, намояндагони қавмаш ҳар чӣ бештар мактаб раванд, то азобе, ки то ҳозир худашу дигарон аз бесаводӣ мекашанд, насли ояндаашон накашад.
Йериқулзода мегӯяд, ҳамроҳи бародараш дар муҳоҷират кор карду тасмим гирифт, пули коркардаашонро на барои хариди мошину сохтмони манзил харҷ кунад, балки барои ободонии деҳа равона созад, чун ба гуфтаи ӯ ин кор дар ду дунё фоида меорад.
Ӯ ба деҳааш барқ кашид, купрук сохтааст, роҳҳоро обод кардааст ва барои ин беш аз 150 ҳазор сомонии аз муҳоҷират ёфтаашро харҷ намудааст.
Убайдуллои Файзулло, глава района Дж. Балхи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Лӯлиҳо хонаҳое доранд, ки мову Шумо надорем: баҳси лӯлиҳо дар нишаст
Талоши Нуриддин барои тағйири ҳаёти ҳамдеҳагону насли ояндаи қавмаш дар ҳолест, ки бархе шуғли асосии бисёри лӯлиҳоро ҳанӯз талабандагӣ медонанд. Аммо ба навиштаи сомонаи "Ҷом" бархе аз намояндагони қавм мегӯянд, бо мурури замон тарки ин касабаи бобоӣ карда истодаанду ба корҳои дигар, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй меоранд.
Қаблан Раҷабмо Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки тарзи ҳаёти лӯлиҳо, ки талабандагӣ барои онҳо як касаба мебошад, ба таҳсили фарзандонашон халал ворид мекунад.
Ӯ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ягон монеае барои таҳсили кӯдакони лӯлӣ вуҷуд надорад ва мушкилӣ танҳо дар тарзи ҳаёти ин гуруҳи ақаллияти миллӣ дар кишвар мебошад.
Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакони лӯлӣ чораандешӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0