Арзон мешавад? истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон зиёд шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрилавок с мясом птицы, архивное фото
Прилавок с мясом птицы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Обуна шудан
Истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон беш аз 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Истеҳсоли гушти гов ҳам дар ҳоли рушд аст
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Дар моҳҳои январ-марти соли равон дар кишвар тақрибан 7,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,5 дарсад зиёдтар аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” бо истинод ба Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва хурд низ дар ин давра 4,4% афзуда, беш аз 35,4 ҳазор тонна расидааст.
Дар Тоҷикистон тасмим доранд, имсол тавлиди гӯштро ба 281,6 ҳазор тонна расонанд. Дар ин бора дар нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 зикр шудааст.
На птицефабрике в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Парадокси иқтисодӣ: чаро дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ зиёду арзиши он гарон аст?
Дар ҳоли ҳозир, арзиши бозории як кило гӯшти гов дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 63 сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар мағозаҳои пойтахт як кило гӯшти мурғ аз 33 то 34 сомонӣ арзиш дорад.
Лентаи хабарҳо
0