https://sputnik.tj/20210426/bozigar-istiqlol-hayat-ramzi--afc-1039045998.html
Се бозигари "Истиқлол" ба ҳайати рамзии Лигаи қаҳрамонҳо шомил шуданд
Се бозигари "Истиқлол" ба ҳайати рамзии Лигаи қаҳрамонҳо шомил шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Конфедератсияи футболи Осиё дастаи рамзии даври чоруми Лигаи чемпионҳои АФК-ро нашр кард.
2021-04-26T14:56+0500
2021-04-26T14:56+0500
2021-04-26T15:44+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҷоми афк
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039044501_0:0:889:500_1920x0_80_0_0_00aa7bcc14d5fe3e66e53c27e46fbb57.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik.Тавре аз хадамоти матбуоти ФК "Истиқлол" хабар доданд, АФК футболбозонро, ки пас аз натиҷагирии даври чоруми Лигаи чемпионҳо ба ҳайати рамзӣ ворид шуданд, номбар кард. Бештари бозигарон ба тими рамзӣ аз дастаи "Истиқлол" ва "Ан-Наср", ки бо ҳисобҳои бузург тими "Ал-Ҳилол"- ро шикаст доданд, ворид шудаанд.Дастаи рамзии даври 4-уми Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чунин аст: Валид Алӣ ("Ал-Наср") - Ҳоҷиакбар Алиҷонов ("Пахтакор"), Алексей Ларин ("Истиқлол"), Анзур Исмоилов ("Пахтакор"), Султон Ал-Ғаннам ("Ан-Наср") - Абдураззоқ Ҳамдаллах (" Ал-Наср "), Камол Камябиния (" Персеполис "), Ҷалолиддин Машарипов (" Шабаб Ал-Аҳлӣ "), Манучеҳр Сафаров (" Истиклол ") - Майкл Олунга (" Духайл "), Манучеҳр Ҷалилов ("Истиқлол ").Ёдовар мешавем, шаби 25 апрел, тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби 4 бар 1 шикаст дода бо 7 имтиёз садрнишини гуруҳаш шуд.Ин пирӯзии тими Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан дар Эрону Афғонистон истиқболи гарм дошт.Тими "Истиқлол" дар доираи ин мусобиқот қаблан бо дастаҳои "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай"-и АМА (0:0), бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон (3:2) ва “Ал-Ҳилол” (1:3) рақобат кард."Истиқлол" бозии навбатиашро санаи 27-уми апрел бар зидди “Шабоб-Ал-Аҳлӣ Дубай” ва 30 апрел бо АГМК (Ӯзбекистон) баргузор хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210425/navor-piruzi-istiqlol-1039021751.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039044501_111:0:778:500_1920x0_80_0_0_76e43ec6799ceffcece98b82836651fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футбол, афк, "истиқлол"
Се бозигари "Истиқлол" ба ҳайати рамзии Лигаи қаҳрамонҳо шомил шуданд
14:56 26.04.2021 (Навсозишуда: 15:44 26.04.2021) Конфедератсияи футболи Осиё дастаи рамзии даври чоруми Лигаи чемпионҳои АФК-ро нашр кард
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik.Тавре аз хадамоти матбуоти ФК "Истиқлол" хабар доданд, АФК футболбозонро, ки пас аз натиҷагирии даври чоруми Лигаи чемпионҳо ба ҳайати рамзӣ ворид шуданд, номбар кард.
Бештари бозигарон ба тими рамзӣ аз дастаи "Истиқлол" ва "Ан-Наср", ки бо ҳисобҳои бузург тими "Ал-Ҳилол"- ро шикаст доданд, ворид шудаанд.
Дастаи рамзии даври 4-уми Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чунин аст:
Валид Алӣ ("Ал-Наср") - Ҳоҷиакбар Алиҷонов ("Пахтакор"), Алексей Ларин ("Истиқлол"), Анзур Исмоилов ("Пахтакор"), Султон Ал-Ғаннам ("Ан-Наср") - Абдураззоқ Ҳамдаллах (" Ал-Наср "), Камол Камябиния (" Персеполис "), Ҷалолиддин Машарипов (" Шабаб Ал-Аҳлӣ "), Манучеҳр Сафаров (" Истиклол ") - Майкл Олунга (" Духайл "), Манучеҳр Ҷалилов ("Истиқлол ").
Ёдовар мешавем, шаби 25 апрел, тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби 4 бар 1 шикаст дода бо 7 имтиёз садрнишини гуруҳаш шуд.
Ин пирӯзии тими Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан дар Эрону Афғонистон истиқболи гарм дошт.
Тими "Истиқлол" дар доираи ин мусобиқот қаблан бо дастаҳои "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай"-и АМА (0:0), бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон (3:2) ва “Ал-Ҳилол” (1:3) рақобат кард.
"Истиқлол" бозии навбатиашро санаи 27-уми апрел бар зидди “Шабоб-Ал-Аҳлӣ Дубай” ва 30 апрел бо АГМК (Ӯзбекистон) баргузор хоҳад кард.