https://sputnik.tj/20210426/bozdosht-du-javon-asht-tamajui-1039035913.html
Пул надиҳӣ видеоятро паҳн мекунам: боздошти ду ҷавон дар Ашт барои тамаъҷӯӣ
Пул надиҳӣ видеоятро паҳн мекунам: боздошти ду ҷавон дар Ашт барои тамаъҷӯӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҷавонро бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт кардааст
2021-04-26T11:17+0500
2021-04-26T11:17+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
вкд
ашт
боздошт
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_0:106:1632:1024_1920x0_80_0_0_cbd798f07d638234326358d8a78204a4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт як сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Понғоз муроҷиат кардааст.Зан гуфтааст, ки аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб “Довар” ва “Равшед” ном шахсон, ӯро таҳдид кардаанд, ки гӯё дар нисфи шаб ба автомашинаи “Одил” ном шахс савор шуданашро ба навор гирифтаанд.Бар асоси муроҷиати зан, ҷавонон барои паҳн накардани видео, аз зан 4 ҳазор сомонӣ талаб карданд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 20-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Понғозии ҳамин ноҳия, рӯзи 24 апрел, ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуданд.Дар гузориш омадааст, ки алайҳи гумонбарон бар асоси моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) -и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210225/Zan-Dushanbe-mard-tahdid-pul-1032884954.html
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_251:51:1632:1087_1920x0_80_0_0_ededbb4b04dfba132933286ec459e90e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, ҷавон, тамаъҷӯӣ, ашт
боздошт, ҷавон, тамаъҷӯӣ, ашт
Пул надиҳӣ видеоятро паҳн мекунам: боздошти ду ҷавон дар Ашт барои тамаъҷӯӣ
11:17 26.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Айни ҳол нисбат ба боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, онҳоро ҳукми зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт як сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Понғоз муроҷиат кардааст.
Зан гуфтааст, ки аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб “Довар” ва “Равшед” ном шахсон, ӯро таҳдид кардаанд, ки гӯё дар нисфи шаб ба автомашинаи “Одил” ном шахс савор шуданашро ба навор гирифтаанд.
Бар асоси муроҷиати зан, ҷавонон барои паҳн накардани видео, аз зан 4 ҳазор сомонӣ талаб карданд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 20-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Понғозии ҳамин ноҳия, рӯзи 24 апрел, ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуданд.
Дар гузориш омадааст, ки алайҳи гумонбарон бар асоси моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) -и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот идома дорад.