https://sputnik.tj/20210426/arzonshavi-chipta-kambudi-parvozho-furudoi-qirghiziston-1039055452.html
Аз арзоншавии нархи чипта то мушкили камбуди парвозҳо ва фурудоии тоҷикон дар Қирғизистон
Аз арзоншавии нархи чипта то мушкили камбуди парвозҳо ва фурудоии тоҷикон дар Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи то ба 50 дарсад арзон шудани нархи чиптаи ҳавопаймо таъкид мекунанд. Зимнан арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд то ба 8,5 ҳазор сомонӣ поён оварда шудааст
2021-04-26T19:20+0500
2021-04-26T19:20+0500
2021-04-26T20:08+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
парвоз
арзон
чипта
парвозҳои мустақим
нархи қимат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/94/1031509436_0:56:3071:1783_1920x0_80_0_0_c946ef18d86292d09209250efc885dd5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Дасти кам се манбаъ аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймое, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, поёнравии қимати чиптаро таъйид карданд. Як хазинадори ширкати ҳавоии “Сибир авиалинии” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон поёнравии арзиши чиптаро шарҳ дод. Ахиран рӯзи 22 апрел Икром Субҳонзода, директори Агентӣ, авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни баргузории як ҷаласа бо намояндагони чор ширкати ҳавонавардии Русия, қатъиян дархост намуд, ки нархи парвозҳои чартериро коҳиш диҳанд. Дар ҳоли поён нашудани нархи билет нисбати онҳоро чораҳои қатъӣ андешида мешавад. Ҳоло дар муқоиса ба як ҳафтаи гузашта, ки нархи парвозҳои чартерӣ миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия, ки то ба 15-16 ҳазор сомонӣ рақам зада мешуд, то ба 50% коҳиш ёфта ба 8, 5 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Аммо шуморе аз сокинон, ки азми рафтан ба муҳоҷирати Русияро доранд мегуянд боз нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро гарон шуморида таъкид мекунанд, ки он дар муқоиса ба давраи қабл аз хуруҷи “вируси корона” ду се баробар баланд аст. Абдураҳмон як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, як соли дароз мунтазири боз шудани парвозҳо буд, ҳоло барои парвозҳо иҷозат аст, вале нарх гарону камчин шудааст. Фасли баҳор умдатан фасли муҳоҷиршавии сокинони Тоҷикистон ва оғози корёбӣ дар шароити муҳоҷират маҳсуб мешавад. Аммо бо сабаби камбуди парвозҳо ва зиёд будани хароҷоти парвози ҳавопаймо, коҳишдиҳии нарх ҳам хеле душвор аст, изҳор мекунанд, ки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ.Яке аз намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ, ки барои парвозҳои чартерӣ муҷаввиз гирифтаанд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло қиммати хизматрасонии фурудгоҳҳо дар кишвар ҳам дар замони хуруҷи “вируси корона” гарон шудаанд. Ӯ гуфт, ки “барои убури хати фурудгоҳ, гузаштани ҳар як мусофир, тоза намудани хати ташноб ва шустани ҳавопаймо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳ маблағ пардохт мекунанд. Ҳоло фурудгоҳҳо боз 40% и дигар барои ширкатҳое, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд нарх бастаанд, ки ин дар муқоиса ба хизматрасонии дигар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамҷавор, гарон мебошад”.Зимнан танҳо ширкати “Сомон Эйр” барои овардани шаҳрвандони кишвар аз шаҳрҳои Русия ба шаҳри Душанбе парвози чартерӣ анҷом медиҳад. Аммо тавре сокинон мегуянд, дафъаҳои охир аксар сокинони кишвар ба вижа вилояти Суғд, тавассути парвозҳои миёни Русия ва Қирғизистон вориди кишвар мешаванд. Камолиддин як сокини шаҳри Истаравшан яке аз шумори онҳоест, ки як ҳафта қабл, ҳамроҳ бо падараш тавассути фурудгоҳи шаҳри Оши Қирғизистон ба зодгоҳаш баргаштааст. Ӯ изҳор намуд, ки ҳамсафарони онҳо дар ин ҳавопаймо дар шаҳру навоҳии кишвар хеле зиёд будаанд. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ кам ё беш аз шаст дарсади мусофирони ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ба Қирғизистон парвоз мекунанд, шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон гуфта мешаванд.
https://sputnik.tj/20210415/nigaroni-sokinon-chiptai-hujand-1038494635.html
https://sputnik.tj/20210425/iftitoh-parvoz-hujand-rusiya-1039024725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/94/1031509436_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_a9fe73b9b39263c6936acff65cff5dd8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, парвоз, чипта
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, парвоз, чипта
Аз арзоншавии нархи чипта то мушкили камбуди парвозҳо ва фурудоии тоҷикон дар Қирғизистон
19:20 26.04.2021 (Навсозишуда: 20:08 26.04.2021) Намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи то ба 50 дарсад арзон шудани нархи чиптаи ҳавопаймо таъкид мекунанд. Зимнан арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд то ба 8,4 ҳазор сомонӣ поён оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Дасти кам се манбаъ аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймое, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, поёнравии қимати чиптаро таъйид карданд. Як хазинадори ширкати ҳавоии “Сибир авиалинии” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон поёнравии арзиши чиптаро шарҳ дод.
“Ҳоло нархи билети ҳавопаймои масири Хуҷанд-Маскав 8,4 ҳазор сомонӣ аст. Ҳамин гуна қимати билет дар дигар шаҳрҳои Русия низ вобаста ба соати парвози ҳавопаймо ҳисоб карда мешавад”, - гуфт намояндаи “Сибир авиалинии”.
Ахиран рӯзи 22 апрел Икром Субҳонзода, директори Агентӣ, авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни баргузории як ҷаласа бо намояндагони чор ширкати ҳавонавардии Русия, қатъиян дархост намуд, ки нархи парвозҳои чартериро коҳиш диҳанд.
Дар ҳоли поён нашудани нархи билет нисбати онҳоро чораҳои қатъӣ андешида мешавад.
Ҳоло дар муқоиса ба як ҳафтаи гузашта, ки нархи парвозҳои чартерӣ миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия, ки то ба 15-16 ҳазор сомонӣ рақам зада мешуд, то ба 50% коҳиш ёфта ба 8, 5 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.
Аммо шуморе аз сокинон, ки азми рафтан ба муҳоҷирати Русияро доранд мегуянд боз нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро гарон шуморида таъкид мекунанд, ки он дар муқоиса ба давраи қабл аз хуруҷи “вируси корона” ду се баробар баланд аст.
Абдураҳмон як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, як соли дароз мунтазири боз шудани парвозҳо буд, ҳоло барои парвозҳо иҷозат аст, вале нарх гарону камчин шудааст.
“Чанд хазинаи билетфурӯширо пурсидам гуфтанд, ки ба ин рӯзҳои наздик билет нест, балки фурӯхта тамом шудаанд. Гуфтанд, ки ба охирҳои моҳи май эҳтимоли ёфт шудани билети ҳавопаймо мавҷуд аст”, - гуфт ӯ.
Фасли баҳор умдатан фасли муҳоҷиршавии сокинони Тоҷикистон ва оғози корёбӣ дар шароити муҳоҷират маҳсуб мешавад. Аммо бо сабаби камбуди парвозҳо ва зиёд будани хароҷоти парвози ҳавопаймо, коҳишдиҳии нарх ҳам хеле душвор аст, изҳор мекунанд, ки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ.
Яке аз намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ, ки барои парвозҳои чартерӣ муҷаввиз гирифтаанд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло қиммати хизматрасонии фурудгоҳҳо дар кишвар ҳам дар замони хуруҷи “вируси корона” гарон шудаанд.
Ӯ гуфт, ки “барои убури хати фурудгоҳ, гузаштани ҳар як мусофир, тоза намудани хати ташноб ва шустани ҳавопаймо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳ маблағ пардохт мекунанд. Ҳоло фурудгоҳҳо боз 40% и дигар барои ширкатҳое, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд нарх бастаанд, ки ин дар муқоиса ба хизматрасонии дигар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамҷавор, гарон мебошад”.
Зимнан танҳо ширкати “Сомон Эйр” барои овардани шаҳрвандони кишвар аз шаҳрҳои Русия ба шаҳри Душанбе парвози чартерӣ анҷом медиҳад. Аммо тавре сокинон мегуянд, дафъаҳои охир аксар сокинони кишвар ба вижа вилояти Суғд, тавассути парвозҳои миёни Русия ва Қирғизистон вориди кишвар мешаванд.
Камолиддин як сокини шаҳри Истаравшан яке аз шумори онҳоест, ки як ҳафта қабл, ҳамроҳ бо падараш тавассути фурудгоҳи шаҳри Оши Қирғизистон ба зодгоҳаш баргаштааст. Ӯ изҳор намуд, ки ҳамсафарони онҳо дар ин ҳавопаймо дар шаҳру навоҳии кишвар хеле зиёд будаанд.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ кам ё беш аз шаст дарсади мусофирони ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ба Қирғизистон парвоз мекунанд, шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон гуфта мешаванд.