Замони мулоқоти Путин ва Байден дақиқ шуд

Обуна шудан
Ёвари кишвардори Русия, Юрий Ушаков гуфт, мулоқоти сарони Русия ва Амрико моҳи июн баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Ҷо Байден шояд моҳи июн баргузор шавад, изҳор дошт Юрий Ушаков ёвари президент ба шабакаи "Россия 1".
Ба иҳори ӯ замон ва ҳатто санаи баргузор шудани мулоқот миёни Владимир Путин ва Ҷо Байден муайян шудааст.
Аммо, ёвари президент дақиқан нагуфт, ки кадом рӯз мулоқоти сарони Русия ва Амрико доир мешавад.
"Хуб, ман ҳоло дар бораи онҳо ҳарф намезанам, аммо моҳи июн, аст", - хулоса намуд Ушаков.
Зимнан, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ дар ин робита қайд намуд, ки Маскав имкони мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА-ро таҳқиқ мекунад.
Ӯ гуфт, Русия ба пешниҳоди ИМА дар бораи баргузории мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден вокуниши мусбат нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки гуфтугӯи телефонии президентҳои Русия ва ИМА бо ташаббуси Вашингтон рӯзи 13 апрел сурат гирифт. Байден ба Путин мулоқоти шахсӣ пешниҳод кард ва кишвардори Русия онро пазируфт.
Лентаи хабарҳо
0