https://sputnik.tj/20210425/sir-darozumr-jopon-malum-1039028899.html
Сирри дарозумрии ҷопониҳо маълум шуд
Сирри дарозумрии ҷопониҳо маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мардуми ҷопон мегӯяд, барои ҷавон мондани организми инсон ва ҳаёти тӯлонитар ба сар бурдан, танҳо чанд қоидаи оддиро бояд риоя карду халос 25.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-25T19:21+0500
2021-04-25T19:21+0500
2021-04-25T19:23+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
ҷопон
дарозумр
ғизо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/19/1039022626_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_f4fea7af2770021ca7626404c0a44c6c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ба раванди умри бештар ба сар бурдан ва дер боз ҷавон мондан на танҳо генетика, балки одатҳои беназири гастрономӣ низ таъсир мерасонанд, мегӯяд як корбари портали WeСhat.Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Ҷопон аз рӯи дарозии умр дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад - 84,2 сол.Блогнавис рӯшан кард, ки сокинони ин кишвар ҷонибдорони тарзи ҳаёти фаъол нестанд. Ғизо омили асосии таъсири дарозумрии онҳо шудааст.Дар мизи ҳар як ҷопонӣ, ба гуфтаи корбари WeСhat, хӯрокҳои гуногун дида мешавад. Барои як хӯрок, онҳо моҳӣ, гӯшт, сабзавот, мева, биринҷ ва дигар ғизоҳоро истеъмолмекунанд. Ин имкон медиҳад, ки парҳези бештар мутавозин бошад.Аммо, баъзе ҷанбаҳои муҳимро бояд дар хотир дошт: миқдори он бояд кам ва оҳиста хӯрда шавад. Ҳамин тариқ, хӯроке, ки оҳиста хӯрда мешавад, он хубтар ҳазм ва азхуд карда мешавад. Корбари WeСhat таъкид кард, ки тарзи омода кардани ғизо низ муҳим аст. Ҷопониҳо ғизои бирёнкардашуда ё буғдидаро бартарӣ медиҳанд. Ин усул миқдори чарбҳои истеъмолшударо кам мекунад.
https://sputnik.tj/20210425/10-ghizoe-ki-pirshavii-organizmro-sust-mekunad-1039023633.html
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/19/1039022626_201:0:1280:809_1920x0_80_0_0_c8678a8da12ec7e177f6cf27e68e6353.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷопон, дарозумрӣ, ғизо
Сирри дарозумрии ҷопониҳо маълум шуд
19:21 25.04.2021 (Навсозишуда: 19:23 25.04.2021) Мардуми ҷопон мегӯяд, барои ҷавон мондани организми инсон ва ҳаёти тӯлонитар ба сар бурдан, танҳо чанд қоидаи оддиро бояд риоя карду халос
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ба раванди умри бештар ба сар бурдан ва дер боз ҷавон мондан на танҳо генетика, балки одатҳои беназири гастрономӣ низ таъсир мерасонанд, мегӯяд як корбари портали WeСhat.
Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Ҷопон аз рӯи дарозии умр дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад - 84,2 сол.
Блогнавис рӯшан кард, ки сокинони ин кишвар ҷонибдорони тарзи ҳаёти фаъол нестанд. Ғизо омили асосии таъсири дарозумрии онҳо шудааст.
Дар мизи ҳар як ҷопонӣ, ба гуфтаи корбари WeСhat, хӯрокҳои гуногун дида мешавад. Барои як хӯрок, онҳо моҳӣ, гӯшт, сабзавот, мева, биринҷ ва дигар ғизоҳоро истеъмолмекунанд. Ин имкон медиҳад, ки парҳези бештар мутавозин бошад.
Аммо, баъзе ҷанбаҳои муҳимро бояд дар хотир дошт: миқдори он бояд кам ва оҳиста хӯрда шавад. Ҳамин тариқ, хӯроке, ки оҳиста хӯрда мешавад, он хубтар ҳазм ва азхуд карда мешавад.
Корбари WeСhat таъкид кард, ки тарзи омода кардани ғизо низ муҳим аст. Ҷопониҳо ғизои бирёнкардашуда ё буғдидаро бартарӣ медиҳанд. Ин усул миқдори чарбҳои истеъмолшударо кам мекунад.