https://sputnik.tj/20210425/iftor-khomushi-vokunish-kumitai-din-1039025248.html
Ифтор манъ мешавад? – хомӯшӣ ва вокуниши Кумитаи дин ба хашми корбарон
Ифтор манъ мешавад? – хомӯшӣ ва вокуниши Кумитаи дин ба хашми корбарон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфтаҳои раиси ин ниҳод дар бораи ифторро шарҳ дод 25.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-25T14:15+0500
2021-04-25T14:15+0500
2021-04-25T14:19+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/00/1029080024_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_5d2d59d9f407750c681ec5b37f986570.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси ин Кумита, 21 апрел дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ба нақзи қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросим рабт дошт, дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи ифтор гуфт, беҳтар аст дар доираи хонавода баргузор шавад. Яке аз корбарон бо хашм навишт, ки “беҳтарин танзим барои миллат аз миён бардоштани худи хамин Кумита аст!” Дар ин миён ягон вокуниш ё баёнияе аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба миён наомад ва ин ҳол шаккеро ба вуҷуд овард, ки эҳтимол дорад манъи ифтор дар барномаи ин ниҳод аст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш барои он ба вокунишҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш накард, ки дар он ҷаласа аслан масъалаи эҷоди маҳдудият дар баргузории ин ё он маърака, бахусус ифтор баррасӣ нашуд. “Аввал ин, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон на Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, балки тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, он ҳам таҷдиди назар дар бораи меъёрҳои ҷарима барои риоя накардани талаботи қонун баррасӣ шуд. Дуюм, ифторро на қонун ва на Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии бемории Ковид - 19 маҳдуд накардаанд ”, - гуфт Афшини Муқим. Вай афзуд, суол дар мавриди ифтор пас аз ҷаласа аз сӯи рӯзноманигоре матраҳ шудааст, ки дар суҳбати як ба як ба раиси Кумита гуфтааст, суоли хусусӣ буда, барои нашр нест, аммо пасон нашр кардааст. “Ҳарчанд посухи раиси Кумита мантиқӣ ва дуруст аст, аммо рафтор ё бархӯрди рӯзноманигор, ба фикри ман, дуруст ва ахлоқӣ нест”, - гуфт Афшини Муқим. Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон соли 2008 ба манзури танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, ҳамчунон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон қабул шуд. Муфтии Тоҷикистон дар бораи баргузории намози таровеҳ, ифтор ва рӯзаи муҳоҷирин гуфт Ин қонун як қатор расму маросимҳоеро, ки аз қадим дар Тоҷикистон вуҷуд доштанд, аз қабили маъракаҳои шоду ғам ва ширкати одамон дар онҳоро маҳдуд намуд. Нақзи он ҷаримаҳои қобили мулоҳизаро ба дунбол дорад. Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар соли 2020 барои нақзи ин қонун дар Суди Олии Тоҷикистон 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 600 ҳолат қарори дахлдор бароварда шуд ва маблағи умумии ҷаримаҳо 2 миллиону 599 ҳазору 919 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20201209/Voqeiyat-nadorad-Vokunishi-Kumitai-din-ba-guzorishi-ozodihoi-dinii-vazorati-khorijai-Amriko--1032421341.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/00/1029080024_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2d3ee8722b526da42d3882a320e8b9de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, кумитаи дин
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, кумитаи дин
Ифтор манъ мешавад? – хомӯшӣ ва вокуниши Кумитаи дин ба хашми корбарон
14:15 25.04.2021 (Навсозишуда: 14:19 25.04.2021) Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфтаҳои раиси ин ниҳод дар бораи ифторро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси ин Кумита, 21 апрел дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ба нақзи қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросим рабт дошт, дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи ифтор гуфт, беҳтар аст дар доираи хонавода баргузор шавад.
Аммо раиси Кумита инро пешбинӣ карда наметавонист, ки ин суханони зоҳиран одии ӯ ба чӣ вокунише рӯбарӯ мешавад. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суханони Сулаймон Давлатзодаро ҷиддӣ гирифта, ӯро мавриди интиқоди шадид қарор доданд, ки мехоҳад ифторро манъ кунад.
Яке аз корбарон бо хашм навишт, ки “беҳтарин танзим барои миллат аз миён бардоштани худи хамин Кумита аст!”
Дар ин миён ягон вокуниш ё баёнияе аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба миён наомад ва ин ҳол шаккеро ба вуҷуд овард, ки эҳтимол дорад манъи ифтор дар барномаи ин ниҳод аст.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш барои он ба вокунишҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш накард, ки дар он ҷаласа аслан масъалаи эҷоди маҳдудият дар баргузории ин ё он маърака, бахусус ифтор баррасӣ нашуд.
“Аввал ин, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон на Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, балки тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, он ҳам таҷдиди назар дар бораи меъёрҳои ҷарима барои риоя накардани талаботи қонун баррасӣ шуд. Дуюм, ифторро на қонун ва на Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии бемории Ковид - 19 маҳдуд накардаанд ”, - гуфт Афшини Муқим.
Манзури раиси Кумитаи дин ҳам ин аст, ки дар чунин шароит аз зиёдаравию исрофкорӣ худдорӣ шавад, беҳтар аст ва ҳар қадар ки мардум камтар таҷаммуъ кунанд, то густариши бемории сироятӣ ҷилагирӣ шавад, ба суди кор аст. Посухи он кас равшан ва як тавсия аст: ифторро касе манъ накарда, аммо беҳтар аст, ки дар чунин шароит дар ҳалқаи хонавода баргузор шавад, афзуд вай.
Вай афзуд, суол дар мавриди ифтор пас аз ҷаласа аз сӯи рӯзноманигоре матраҳ шудааст, ки дар суҳбати як ба як ба раиси Кумита гуфтааст, суоли хусусӣ буда, барои нашр нест, аммо пасон нашр кардааст.
“Ҳарчанд посухи раиси Кумита мантиқӣ ва дуруст аст, аммо рафтор ё бархӯрди рӯзноманигор, ба фикри ман, дуруст ва ахлоқӣ нест”, - гуфт Афшини Муқим.
Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон соли 2008 ба манзури танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, ҳамчунон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон қабул шуд.
Ин қонун як қатор расму маросимҳоеро, ки аз қадим дар Тоҷикистон вуҷуд доштанд, аз қабили маъракаҳои шоду ғам ва ширкати одамон дар онҳоро маҳдуд намуд. Нақзи он ҷаримаҳои қобили мулоҳизаро ба дунбол дорад.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар соли 2020 барои нақзи ин қонун дар Суди Олии Тоҷикистон 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 600 ҳолат қарори дахлдор бароварда шуд ва маблағи умумии ҷаримаҳо 2 миллиону 599 ҳазору 919 сомониро ташкил медиҳад.