Ӯзбекистон воридоти равғанро аз андоз муваққатан озод кард: пешгирӣ аз гароншавӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРастительное масло. Архивное фото
Растительное масло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Обуна шудан
Ба соҳибкорон иҷозат дода мешавад, ки на бештар аз 50% равғани офтобпараст ва дигар растаниро, ки аз офтобпарасти воридотӣ ба даст оварда шудаанд, содир кунанд.
ДУШАНБЕ, 24 апрел - Sputnik. Дар Ӯзбекистон вакилон пешниҳод карданд, ки воридоти равғани растанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда, содироти ин маҳсулот маҳдуд карда шавад.
Дар ин бора вакил Расул Кушербоев дар телеграммааш навиштааст.
Ба гуфтаи вай, вакилони палатаи поёнии парлумон қонунеро қабул карданд, ки ба пешгирии болоравии беасоси нарх равона шудааст.
Ҳамин тариқ, аз 1 май то 31 декабри соли 2021 ин санад озод кардани андоз аз арзиши иловашударо барои воридоти равғани растанӣ, тухми офтобпараст, зағир ва лӯбиё пешбинӣ мекунад.
Инчунин гардиши мол барои истеҳсол ва ё фурӯши равғани растанӣ муваққатан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудааст, гуфт Кушербоев.
Аммо, ба соҳибкорон иҷозат дода мешавад, ки на бештар аз 50% равғани офтобпараст ва дигар растаниро, ки аз тухми офтобпарасти воридотӣ ба даст оварда шудаанд, содир кунанд.
Қонун барои тасдиқ ба Сенат фиристода шуд ва пас аз он онро Президенти Узбекистон ба имзо мерасонад, гуфт дар охир Расул Кушербоев.
Гуфта мешавад, ҳадафи асосии чунин тасмим нигоҳ доштани нархи ин маҳсулот дар бозор мебошад.
Афзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархи равған дар бозорҳои Суғд, дар арафаи Рамазон қариб ду баробар боло рафт
Ёдовар мешавем, болоравии нархи равғани растанӣ дар Тоҷикистон бошад, ба таври рекордӣ боло меравад.
Ба гуфти сокинон имрӯз 1 литр равғани растанӣ дар бозорҳои кишвар аз 20 то 25 сомонӣ арзиш дорад.
Қаблан хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шарҳи болоравии нархи равғани растанӣ гуфт, он дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ кам ва нархаш гарон шудааст
Лентаи хабарҳо
0