Мирзиёев сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт ва ӯро бо ифтихорномаи фахрӣ сарфароз кард

© пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Шавкат Мирзиёев и посол Таджикистана в Узбекистане Содика Имоми
Президент Шавкат Мирзиёев и посол Таджикистана в Узбекистане Содика Имоми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба зудӣ иваз карда мешавад: давоми охирин рӯзҳои корияш ӯ бо мақомоти ин кишвар як қатор мулоқотҳо баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Мулоқот ба анҷоми қарибулвуқӯи фаъолияти дипломатии сафир баргузор шудааст. Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо дипломати тоҷик сатҳи олии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва шарикии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро қайд кард.
Министр иностранных дел Республики Узбекистан Абдулазиз Камилов принял Чрезвычайного и Полномочного Посла Республики Таджикистан Содика Имоми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз саҳми сафири Тоҷикистон дар рушди муносибатҳо гуфт
Барои хидматҳои бузургаш дар расидан ба сатҳи олии муосири муносибатҳои дуҷониба ва саҳми шахсӣ дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, президент сафир Содиқ Имомиро бо дипломи фахрии Ӯзбекистон сарфароз гардондааст.
Содиқ Имомӣ ба президенти Ӯзбекистон барои баҳо ва дастгирии баланд ба фаъолияти ӯ изҳори миннатдорӣ кард.
Дипломати тоҷик дар идома таъкид кардааст, ки дар оянда вай барои бечунучаро амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо барои таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду кишвар ва мардум саъй хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0