Набарди Лоиқ Раҷабов бо Алекс Мартинеси шикастнадида имшаб доир мешавад

© UFC BetЛоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Размикори шинохтаи тоҷик бо ҳарифи шикастнадидаи парагваияш вориди майдон хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик, дар лигаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL (Professional fight league) -и ИМА имшаб зӯрозмоӣ мекунад.
Ҳарифи нави Раҷабов дар ин дидор дар вазни сабук Алекс Мартинес аз Парагвай хоҳад буд.
Зӯрозмоии размикорон дар Ocean Casino Resort Atlantic City баргузор мешавад ва гузориш аз он дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш карда мешавад.
Варзишкори шинохтаи тоҷик бо лақаби "Jaguar Paw” то кунун 13 ғалаба — 2 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
UFC- размикорон дар майдон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Ҳабси рақиби Лоиқ Раҷабов: ҳарифи нав таъйин шуд
Дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL панҷ рақобат доир карда, 2 ғалаба — 2 бохт — 1 мусовӣ ба даст овардааст.
Номбурда ҷойи 32-юм дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни сабукро соҳиб аст.
Ҳарифи Раҷабов Алекс Мартинеси 26-сола бошад, шикастнадида буда, 7 ғалаба дорад ва дар PFL бори нахуст рақобат мекунад.
Номбурда дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни сабук зинаи 137-ро сощиб аст.
Лоиқ Раҷабов, мебоист дар лигаи PFL бо размикори амрикоӣ Ҷонни Кейс 21 апрел зӯрозмоӣ мекард, аммо пеш аз рақобат маълум шуд, ки варзишкори амрикоӣ ҳабс шудааст.
Лентаи хабарҳо
0