Мирзиёев ба соҳибкорон дар Ӯзбекистон сабукиҳои нав дод

© Sputnik / Роман Галкин / Гузариш ба медиабонкПеред входом в пункт обмена валюты, архивное фото
Перед входом в пункт обмена валюты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон, бо имзои як қарор ба соҳибкорон дар ин кишвар сабукиҳои нав ироа намуд
ТАШКЕНТ, 23 апр — Sputnik. Қарори ҷадиди раисиҷумҳури Ӯзбекистон, ки ба соҳибкорон дар пардохти андоз сабукӣ ва муҳлати бештар медиҳад, аз 1 июн мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Таъкид шудааст, ки ҳадафи қарори ҷадид, чораҳои иловагӣ барои такмили низоми андозбандӣ, дастгирии соҳибкорон ва беҳбуди фазои корӣ дар Ӯзбекистон мебошад.
Тибқи ин санад, аз 1 июни соли равон андозсупорандагон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки барои пардохти андоз муҳлати бештар гиранд. Муҳлати иловагӣ дар сурате дода мешавад, агар андозсупоранда ба далелҳои объективӣ натавонист андозро сари вақт пардохт намояд.
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Ба буҷет 600 миллион сомонӣ кам ворид шуд: Кумита гуфт чаро нақшаи андоз иҷро нашуд
Инчунин содиру воридкунандагони мол сабукиҳо гирифта, андозаи ҷаримаи татбиқшаванда нисбати онҳо барои таъхиркорӣ поин оварда шудааст. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон инчунин ба соҳибкороне, ки бо пули миллӣ қарз мегиранд ва аз ҷумлаи соҳибкорони хурду миёна мебошанд, дар пардохти фоизҳои қарз сабукӣ медиҳад.
Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон хабар додааст, ки феълан дар ҷумҳурӣ 201,3 ҳазор андозсупоранда шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки қисми аъзами онҳо беш аз се сол дар кишвар фаъолият доранд. Дар пайи суҳбат бо андозсупорандагон муаяссар шудааст, ки мушкили беш аз 43,5 ҳазор соҳибкор ҳал гарданд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи андоз таъкид намудааст, ки беш аз 95 дарсади соҳибкорон ихтиёран андозҳояшонро пардохт намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0