Аз овоза дар бораи короновирус то хуруҷи гулӯдард: сартабиб вазъро шарҳ дод

© SputnikБольница Худжанда
Больница Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Дар Хуҷанд се нафаре, ки ахиран бо табъи баланд дар Бемористони касалиҳои сирояткунанда бистарӣ буданд, баъди як ҳафтаи муолиҷа аз Бемористони сироятии Хуҷанд рухсат шудаанд.
Натиҷаи ташхиси ҳамаи онҳо, барои бемории COVID-19 манфӣ арзёбӣ шудааст
Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи гузашта охирин нафари бистаршуда, баъди як ҳафтаи табобат ба хонааш рухсат шуд.
“Бемории се нафаре, ки бистарӣ шуда буданд, гулудард (бронхит) буд. Аз баски табъашон баланд буд, мо бистарӣ кардем. Баъди як ҳафтаи табобат ҳамаашон саломат шуда, ба хонаҳояашон рухсат шуданд”.
Бемористони сироятии Хуҷанд, ки барои табобати беморони коронавирус пешбинӣ шудааст, сар аз охирҳои моҳи январ ба ин тараф аз беморон холӣ буд.
Девушки идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Ораш Алоӣ гуфт, ки чаро Тоҷикистон ба коронавирус пирӯз шуду Эрон не
Вале ахиран санаи 14 апрел се сокинони шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон бо илтиҳоби шамолхурии роҳи нафас (бронхит) бистарӣ ва баъди пурра шифо ёфтан, дирӯз ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.
Бино ба гуфти сартабиб, ташхиси батакрор оид ба бемории COVID-19 дар бадани ҳеҷ яке аз ин се нафар маълум нашуда, натиҷаи он ҳам манфӣ баромадааст.
Рустамҷон Бӯрибоев овозаҳо миёни мардум дар бозру кӯчаҳо дар бораи бозгашти короновирусро беасос хонд ва гуфт, ки ду ҳафта ба ин тараф, ягон нафар бо аломати ин беморӣ ба онҳо муроҷиат накардааст.
Ӯ вазъи беҳдоштиро муътадил арзёбӣ кард.
“Муроҷиат нест, бемористон холӣ аст, чи гуна мо дар бораи бозгашти беморӣ гуфта метонем. Хуб мебуд, ба ҷойи ингуна овозаҳо, мардум қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла бастани маска (ниқоб) ро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоят кунанд”, - таъкид намуд сартабиб.
Бемористони сироятии Хуҷанд, моҳи апрели соли 2020 ба реҷаи карантинӣ гузашт.
Табибони он мегуянд, ин бемористон бо дастури масъулони вазорати тандурустӣ ҳамчун маркази эҳтиётӣ, барои табобати беморони короновирус тибқи реҷаи махсус амал мекунад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус аз моҳи январ соли 2021 ба ин тараф сабт нашудааст. Бар пояи иттилоъи ин ниҳод аз моҳи апрел то январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар умум 13 ҳазору 308 нафар аз бемории короновирус сироят ёфта, аз ин шумор 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0