https://sputnik.tj/20210423/hukm-sarboz-kasalii-ruhi-hizmat-1038974564.html
Эълони ҳукми сарбозе, ки худро касалии рӯҳӣ вонамуд кард: мехост аз хизмат озод шавад
Эълони ҳукми сарбозе, ки худро касалии рӯҳӣ вонамуд кард: мехост аз хизмат озод шавад
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳии ҳарбии Душанбе сарбозе, ки худро касалии рӯҳӣ вонамуд карду мехост аз хизмат раҳо шавад, равонаи зиндон кард
2021-04-23T09:50+0500
2021-04-23T09:50+0500
2021-08-10T14:43+0500
дар тоҷикистон
парванда
сарбоз
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи ҳарбии пойтах, Маҳмадалиев Саидшоҳ, сокини ноҳияи Восеъ 27-октябри соли 2020 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба яке аз қисмҳои низомии Вазорати адлия равона шуда буд.Ба иттилои манбаъ, ӯ дар давоми хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии мазкур бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд кардааст.“Бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба бемории сохтааш, 14-уми декабри соли 2020 тахминан соатҳои 03:00, рӯйкаши сахти хобашро гирифта дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида кунанд аз дохили утоқ садои ҳар гуна ашёро мебарорад”, - афзудааст манбаъ.Дар натиҷа ҳамхизматаш қаторӣ Қурбонов Муҳаммад Сафаралиевич дохили утоқ гардида, ӯро аз тиреза фаровардааст. Манбаъ мегӯяд, бо мақсади муайян кардани вазъи руҳӣ ва равонии сарбози қаторӣ Маҳмадалиев аз 18 ноябр то 09 декабри соли 2020 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистари шудааст.Ҳамин тариқ Додгоҳи ҳарбии пойтахт Маҳмадалиев Саидшоҳро бо моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
https://sputnik.tj/20210422/hukmi-zindoni-sarboze-firor-duzdi-1038911586.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳ, ҳукм, зиндон, сарбоз
додгоҳ, ҳукм, зиндон, сарбоз
Эълони ҳукми сарбозе, ки худро касалии рӯҳӣ вонамуд кард: мехост аз хизмат озод шавад
09:50 23.04.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбозро бо ҷурми худро бемории рӯҳӣ вонамуд кардан, барои раҳоӣ аз хизмат ду сол равонаи зиндон кард.
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи ҳарбии пойтах, Маҳмадалиев Саидшоҳ, сокини ноҳияи Восеъ 27-октябри соли 2020 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба яке аз қисмҳои низомии Вазорати адлия равона шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар давоми хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии мазкур бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд кардааст.
“Бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба бемории сохтааш, 14-уми декабри соли 2020 тахминан соатҳои 03:00, рӯйкаши сахти хобашро гирифта дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида кунанд аз дохили утоқ садои ҳар гуна ашёро мебарорад”, - афзудааст манбаъ.
Дар натиҷа ҳамхизматаш қаторӣ Қурбонов Муҳаммад Сафаралиевич дохили утоқ гардида, ӯро аз тиреза фаровардааст.
Манбаъ мегӯяд, бо мақсади муайян кардани вазъи руҳӣ ва равонии сарбози қаторӣ Маҳмадалиев аз 18 ноябр то 09 декабри соли 2020 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистари шудааст.
“Мувофиқи хулосаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ №2049 Маҳмадалиев С.А., гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона дорад”, - гуфтааст манбаъ.
Ҳамин тариқ Додгоҳи ҳарбии пойтахт Маҳмадалиев Саидшоҳро бо моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.