Ӯзбекистон дар рейтинги дастрасии интернет ба таври назаррас аз Тоҷикистон пеш гузашт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальная сеть "Фейсбук"
Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон аз лиҳози арзонтарин интернети мобилӣ миёни 230 давлати ҷаҳон дар ҷои 132-юм қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Интернети Тоҷикистон ба рейтинги портали бритониёии Cable.co.uk дохил карда шуд, ки маълумотро дар бораи арзиши интернети мобилӣ дар ҷаҳон нашр кард.
Рейтинги он бар арзиши як гигабайт барои сокинони 230 кишвари ҷаҳон таҳия шудааст.
Тоҷикистон дар ҷои 132 қарор дошт ва мувофиқи рейтинг арзиши миёнаи 1 ГБ интернети мобилӣ дар ҷумҳурӣ 2,6 долларро ташкил медиҳад.
Масалан, дар ин рӯйхат Тоҷикистон аз Ӯзбекистони ҳамсоя қариб 100 мавқеъ акиб мондааст.
Ӯзбекистон дар тӯли сол мавқеи худро дар рейтинг беҳтар карда, якбора 33 зина боло рафт.
Вход в интернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии суръати интернет боз пасттар шуд
Ҳоло ин ҳамсоякишвар устуворонв зинаи 21-ро нигоҳ медорад, ки арзиши интернеташ 0,6 доллар барои 1 гигабайт аст.
Аммо кишваре, ки арзонтарин интернети мобилӣ дар ҷаҳон дорад, Исроил аст. Дар он ҷо, 1 ГБ трафики мобилӣ ба сокинони кишвар 0,05 доллар арзиш дорад
Гаронтарин интернет дар ҷаҳон дар Гвинеяи Экваторӣ аст, ки трафики як гигабайт 49,6 долларро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0