https://sputnik.tj/20210422/tojikistoniyon-kishvari-seum-rusiya-1038951876.html
Транзити қулай: тоҷикистониён метавонанд аз тариқи кишвари сеюм вориди Русия шаванд
Транзити қулай: тоҷикистониён метавонанд аз тариқи кишвари сеюм вориди Русия шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Аз 1 апрел Русия парвозҳоро бо Тоҷикистон аз сар гирифт, ки баҳори соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.
2021-04-22T16:55+0500
2021-04-22T16:55+0500
2021-04-22T19:00+0500
дар тоҷикистон
транзит
муҳоҷирин
дар русия
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
нақлиёт
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038932001_0:0:2976:1674_1920x0_80_0_0_61ca88aa7425e8ccfe9d62369ee98115.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Аз 1 апрел Русия парвозҳоро бо Тоҷикистон аз сар гирифт, ки баҳори соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ шуда буд. Тибқи фармони сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин, ки дар охири моҳи март ба имзо расид, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бидуни маҳдудият ба кишвар ворид шавад.Аз Душанбе ба Маскав танҳо тавассути ҳавопаймо рафтан мумкин аст, зеро сарҳадҳои заминӣ ҳанӯз ҳам бастаанд. Аммо, мусофирон метавонанд худашон интихоб кунанд, ки аз хатсайрҳои мустақим ё транзит истифода баранд. Чӣ гуна аз Душанбе ба Маскав расидан мумкин аст?То имрӯз, ду ширкати ҳавопаймоӣ байни Душанбе ва Маскав - "Сомон Эйр"-тоҷикӣ (рӯзҳои сешанбе) ва "ЮТэйр"-и Русия (рӯзҳои ҷумъа) парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд. Дар баробари ин, барои шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо парвозҳои мустақим ба Русия, балки парвозҳои транзитӣ низ мавҷуданд.Фармони Ҳукумати Русия дар ин бора аз 14 апрел расман нашр шудааст, ки ба як қатор кишварҳо иҷозаи вуруд аз кишвари сеюмро медиҳадАз ҷумла, мусофирон метавонанд аз хатсайрҳои Тошканд, Алмаато ва Дубай истифода баранд. Қаблан, як роҳи дигар, тавассути Истамбул кушода шуда буд, аммо бинобар шиддат гирифтани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия, Русия парвозҳоро то 1 июн қатъ кард. Аз ин рӯ, онҳое, ки мехоҳанд аз ин самт истифода кунанд, бояд ҳамаи хавфҳоро пешакӣ ба назар гиранд.Барои вуруд ба Русия кадом ҳуҷҷатҳо лозимандҲатто онҳое, ки бо парвозҳои транзитӣ ба Русия мераванд, бояд қоидаҳои санитарию эпидемиологиро риоя кунанд. Дар дохили ҳавопаймо ҳамаи мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯшак ба бар кунанд. Одамон бидуни ташхиси манфии тест барои коронавирус ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Транзит аз Тоҷикистон ба Русия чӣ қадар арзиш дорад?Арзонтарин парвоз аз Душанбе ба Маскав бо иртибот бо Дубай аст. Мусофир бояд ҳамагӣ 8216 сомонӣ ё тақрибан 726 доллар пардохт кунад. Парвоз ба пойтахти Русия тавассути Алмаато ду баробар гаронтар хоҳад буд: тамоми сафар ба мусофир 17880 сомонӣ ё тақрибан 1580 долларро ташкил медиҳад.Тақрибан ҳамин арзиш ҳангоми парвоз бо хатсайри Душанбе - Тошканд - Маскав (17786 сомонӣ ё беш аз 1570 доллар) хоҳад буд. Гуфта мешавад, нархи парвозҳои транзитӣ аз Тоҷикистон ба Русия то охири моҳи апрел боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон, мусофирон ҳангоми хариди чиптаҳо бояд вақти пайвастшавии самтҳоро дар кассаҳои ҳавопаймо тафтиш кунанд.
https://sputnik.tj/20210422/agenti-narkh-past-chora-1038920542.html
https://sputnik.tj/20210416/vurud-rusiya-shahrvandon-tojikiston-1038516844.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038932001_245:0:2976:2048_1920x0_80_0_0_d9b55377278a689b9a1424715095b5ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, музҳоҷирин, тоҷикистон, парвоз
русия, музҳоҷирин, тоҷикистон, парвоз
Транзити қулай: тоҷикистониён метавонанд аз тариқи кишвари сеюм вориди Русия шаванд
16:55 22.04.2021 (Навсозишуда: 19:00 22.04.2021) Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути парвозҳо аз кишвари сеюм ба Русия расанд
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Аз 1 апрел Русия парвозҳоро бо Тоҷикистон аз сар гирифт, ки баҳори соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.
Тибқи фармони сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин, ки дар охири моҳи март ба имзо расид, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бидуни маҳдудият ба кишвар ворид шавад.
Аз Душанбе ба Маскав танҳо тавассути ҳавопаймо рафтан мумкин аст, зеро сарҳадҳои заминӣ ҳанӯз ҳам бастаанд. Аммо, мусофирон метавонанд худашон интихоб кунанд, ки аз хатсайрҳои мустақим ё транзит истифода баранд.
Чӣ гуна аз Душанбе ба Маскав расидан мумкин аст?
То имрӯз, ду ширкати ҳавопаймоӣ байни Душанбе ва Маскав - "Сомон Эйр"-тоҷикӣ (рӯзҳои сешанбе) ва "ЮТэйр"-и Русия (рӯзҳои ҷумъа) парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд. Дар баробари ин, барои шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо парвозҳои мустақим ба Русия, балки парвозҳои транзитӣ низ мавҷуданд.
Фармони Ҳукумати Русия дар ин бора аз 14 апрел расман нашр шудааст, ки ба як қатор кишварҳо иҷозаи вуруд аз кишвари сеюмро медиҳад
Аз ҷумла, мусофирон метавонанд аз хатсайрҳои Тошканд, Алмаато ва Дубай истифода баранд.
Қаблан, як роҳи дигар, тавассути Истамбул кушода шуда буд, аммо бинобар шиддат гирифтани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия, Русия парвозҳоро то 1 июн қатъ кард. Аз ин рӯ, онҳое, ки мехоҳанд аз ин самт истифода кунанд, бояд ҳамаи хавфҳоро пешакӣ ба назар гиранд.
Барои вуруд ба Русия кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд
Ҳатто онҳое, ки бо парвозҳои транзитӣ ба Русия мераванд, бояд қоидаҳои санитарию эпидемиологиро риоя кунанд. Дар дохили ҳавопаймо ҳамаи мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯшак ба бар кунанд. Одамон бидуни ташхиси манфии тест барои коронавирус ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Транзит аз Тоҷикистон ба Русия чӣ қадар арзиш дорад?
Арзонтарин парвоз аз Душанбе ба Маскав бо иртибот бо Дубай аст. Мусофир бояд ҳамагӣ 8216 сомонӣ ё тақрибан 726 доллар пардохт кунад.
Парвоз ба пойтахти Русия тавассути Алмаато ду баробар гаронтар хоҳад буд: тамоми сафар ба мусофир 17880 сомонӣ ё тақрибан 1580 долларро ташкил медиҳад.
Тақрибан ҳамин арзиш ҳангоми парвоз бо хатсайри Душанбе - Тошканд - Маскав (17786 сомонӣ ё беш аз 1570 доллар) хоҳад буд.
Гуфта мешавад, нархи парвозҳои транзитӣ аз Тоҷикистон ба Русия то охири моҳи апрел боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон, мусофирон ҳангоми хариди чиптаҳо бояд вақти пайвастшавии самтҳоро дар кассаҳои ҳавопаймо тафтиш кунанд.