https://sputnik.tj/20210422/imzo-yoddoshti-tafohum-khf-agentii-oqokhon--1038926865.html
Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Агентии Оқохон
Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Агентии Оқохон
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар шаҳри Душанбе маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Агентии Оқохон оид ба макони зист баргузор шуд
2021-04-22T14:30+0500
2021-04-22T14:30+0500
2021-04-22T15:04+0500
дар тоҷикистон
кҳф
муҳити зист
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
иҷтимоъ
бунёди оқохон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038925706_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_ab959e93f9ccd6ff5b0c6982eee29c30.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ёддошти тафоҳуме, ки ба имзо расид, ҳамкориҳои минбаъда миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зистро тақвият мебахшад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. Манбаъ ёдрас шудааст, ки санаи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани бинои навбунёди Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ баргузор шуда буд. Ин бино барои муваққатан ҷо намудани осебдидагони офатҳои табиӣ муқаррар гардида, аз хобгоҳ барои 25 нафар, ҳуҷраи омӯзиши кӯдакон, ҳуҷраи модару кўдак, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона иборат мебошад. Бинои мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сохта ба истифода дода шуд.Сулаймон Исозода, муовини раиси КҲФ зимни ифтитоҳи ин бино гуфт, дар оянда барои паноҳ додани осебдидагони офатҳои табиӣ дар минтақа хидмат хоҳад кард ва ин боис хоҳад шуд, ки хатари зарари офатҳо коҳиш ёбад.Наҷиб Яминов, намояндаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист иброз дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ дар тарҳҳои бунёдии пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолона ширкат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20200922/Kmak-dar-muboriza-bo-KOVID-izori-siposi-general-Nazarzoda-ba-namoyandai-agentii-Ookhon-1031939940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038925706_34:0:925:668_1920x0_80_0_0_a1714b978dbb38eacd6d4e4a22d30525.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷиуистон, агентии оқохон, ёддошти тафоҳум
тоҷиуистон, агентии оқохон, ёддошти тафоҳум
Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Агентии Оқохон
14:30 22.04.2021 (Навсозишуда: 15:04 22.04.2021) Ахиран дар шаҳри Душанбе маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Агентии Оқохон оид ба макони зист баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ёддошти тафоҳуме, ки ба имзо расид, ҳамкориҳои минбаъда миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зистро тақвият мебахшад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки санаи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани бинои навбунёди Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ баргузор шуда буд.
Ин бино барои муваққатан ҷо намудани осебдидагони офатҳои табиӣ муқаррар гардида, аз хобгоҳ барои 25 нафар, ҳуҷраи омӯзиши кӯдакон, ҳуҷраи модару кўдак, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона иборат мебошад.
Бинои мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сохта ба истифода дода шуд.
Сулаймон Исозода, муовини раиси КҲФ зимни ифтитоҳи ин бино гуфт, дар оянда барои паноҳ додани осебдидагони офатҳои табиӣ дар минтақа хидмат хоҳад кард ва ин боис хоҳад шуд, ки хатари зарари офатҳо коҳиш ёбад.
Наҷиб Яминов, намояндаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист иброз дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ дар тарҳҳои бунёдии пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолона ширкат хоҳад кард.