https://sputnik.tj/20210422/guzargoh-qulma-sarhad-tojikistonu-china-1038910295.html
Вазири нақлиёт: гузаргоҳи "Қулма" дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд
Вазири нақлиёт: гузаргоҳи "Қулма" дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ифтитоҳи дубораи гузаргоҳи марзии “Қулма” миёни ин кишвар ва Чин дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон хабар дод
2021-04-22T10:15+0500
2021-04-22T10:15+0500
2021-04-22T12:59+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
боз шуд
марз
гузаргоҳ
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101384/85/1013848530_0:85:1601:985_1920x0_80_0_0_52c97b4a4fec2b62a94be0882e1b8d44.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Ба гузориши сомонаи “Парстудей”, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин гузаргоҳи марзии “Қулма” ду бора фаъолияти худро аз сар гирифт.Гузаргоҳи марзии заминӣ миёни Тоҷикистону Чин ба далели густариши вируси корона дар моҳи октябри соли 2020 баста шуда буд.Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, Чин барои транзити коло аз ин масир ба бозаргонони тоҷик тахфиф додааст. Азим Иброҳим афзуд, агар қаблан бозаргонони тоҷик барои бозгардондани мошинҳои холӣ аз Тоҷикистон ба Чин муваззаф ба пардохти 4 ҳазор доллар буданд, акнун ин маблағ ҳазф шудааст.Тоҷикистон аз Чин масолеҳи сохтмонӣ, қатаоти худрав, либос, васоили барқӣ ва таҷҳизоти роёнаӣ ворид мекунад.Ҳаҷми воридоти маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба 440 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 20 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20200715/Peshniodi-Tojikiston-baroi-tagyiri-shevai-intiqoli-bor-dar-qulma-1031576709.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101384/85/1013848530_58:0:1371:985_1920x0_80_0_0_958a19d92a566401e8291290ac5f4f59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, гузаргоҳ, боз шуд
тоҷикистон, чин, гузаргоҳ, боз шуд
Вазири нақлиёт: гузаргоҳи "Қулма" дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд
10:15 22.04.2021 (Навсозишуда: 12:59 22.04.2021) Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ифтитоҳи дубораи гузаргоҳи марзии “Қулма” миёни ин кишвар ва Чин дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон хабар дод
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Ба гузориши сомонаи “Парстудей”, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин гузаргоҳи марзии “Қулма” ду бора фаъолияти худро аз сар гирифт.
Гузаргоҳи марзии заминӣ миёни Тоҷикистону Чин ба далели густариши вируси корона дар моҳи октябри соли 2020 баста шуда буд.
Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, Чин барои транзити коло аз ин масир ба бозаргонони тоҷик тахфиф додааст.
Азим Иброҳим афзуд, агар қаблан бозаргонони тоҷик барои бозгардондани мошинҳои холӣ аз Тоҷикистон ба Чин муваззаф ба пардохти 4 ҳазор доллар буданд, акнун ин маблағ ҳазф шудааст.
Тоҷикистон аз Чин масолеҳи сохтмонӣ, қатаоти худрав, либос, васоили барқӣ ва таҷҳизоти роёнаӣ ворид мекунад.
Ҳаҷми воридоти маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба 440 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 20 дарсад коҳишро нишон медиҳад.