https://sputnik.tj/20210422/dtt-assotsiatsiya-donishgohhoi-tehniki--1038910122.html
ДТТ ба номи Осимӣ шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ шуд
ДТТ ба номи Осимӣ шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳ техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ пазируфта шуд
2021-04-22T09:45+0500
2021-04-22T09:45+0500
2021-04-22T12:49+0500
маориф
ҳамкорӣ
донишгоҳ
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101328/57/1013285760_0:0:3244:1825_1920x0_80_0_0_7b89ff7afc28883c47101aa64b25a9f1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ пазируфта шудШаҳриёр Саъдуллозода, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин хусус аз сӯи Анатолий Александров, президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Н. Э. Бауман унвонии Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, мактуби ифтихорӣ бо замимаи шаҳодатномаи узвият равон карда шудааст.Соли равон аз таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 65 сол пур мешавад. Донишгоҳи мазкур бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонони соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад. Ҳоло дар ин донишгоҳ 7 факулта мавҷуд буда, аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон, технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ омода карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20180717/1026168568.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101328/57/1013285760_69:0:3244:2381_1920x0_80_0_0_f6687e75fca8ad41b1e6045bcba4a184.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, донишгоҳи, техникӣ, русия, ҳамкорӣ
тоҷикистон, донишгоҳи, техникӣ, русия, ҳамкорӣ
ДТТ ба номи Осимӣ шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ шуд
09:45 22.04.2021 (Навсозишуда: 12:49 22.04.2021) Шомил шудани донишгоҳ ба ин ассотсиатсия имкон медиҳад, ки равобити байналмилалӣ бо муассисаҳои олии хориҷ аз кишвар тавсеа ёбанд
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ пазируфта шуд
Шаҳриёр Саъдуллозода, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин хусус аз сӯи Анатолий Александров, президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Н. Э. Бауман унвонии Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, мактуби ифтихорӣ бо замимаи шаҳодатномаи узвият равон карда шудааст.
“Қабул шудани донишгоҳ ба ин ассотсиатсия имконият медиҳад, ки дар баробари рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ равобити байналмилалӣ бо муассисаҳои олии хориҷ аз кишвар тавсеа ёбанд”, - гуфт Шаҳриёр Саъдуллозода.
Соли равон аз таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 65 сол пур мешавад.
Донишгоҳи мазкур бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонони соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад.
Ҳоло дар ин донишгоҳ 7 факулта мавҷуд буда, аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон, технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ омода карда мешаванд.