https://sputnik.tj/20210421/tedodi-zahroludshudagon-qirghiziston-reshai-tavsiyadoda-1038875676.html
Теъдоди заҳролудшудагон дар Қирғизистон аз решаи тавсиядодаи вазир афзоиш ёфт
Теъдоди заҳролудшудагон дар Қирғизистон аз решаи тавсиядодаи вазир афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадди ақал чор нафар дар Қирғизистон бар асари заҳролудшавӣ аз решаи растание, ки вазири тандурустии кишвар онро доруи коронавирус гуфт, бистарӣ шудаанд
2021-04-21T14:15+0500
2021-04-21T14:15+0500
2021-08-10T17:01+0500
қирғизистон
тандурустӣ
заҳролудшавӣ
осиёи марказӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033056177_0:0:3285:1847_1920x0_80_0_0_1c5c2d2f904aa9e77b255894cf7c01c8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ҳадди ақал чор нафар дар Қирғизистон бар асари заҳролудшавӣ аз решаи растание, ки вазири тандурустии кишвар онро доруи коронавирус гуфта буд, заҳролуд шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ҳамаи заҳролудшудагон дар беморхонаҳо бистарӣ шуда, вазъашон муътадил мебошад. Нахустин заҳролудшуда аз ин растанӣ марди 63-сола мебошад, ки ахиран бистарӣ шуда буд. Расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки марди 63-сола шираи решаро барои муолиҷа аз коронавирус нӯшида, дар беморхона бистарӣ шудааст. Қаблан табобати бемории коронавирус бо решаи растании исиқкулиро раисиҷумҳури Қирғизистон ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, шираи ин реша беморро аз коронавирус тайи ду - се рӯз халос мекунад. Аммо Кумитаи масоили иҷтимоӣ ба вазири тандурустӣ изҳори нобоварӣ кард, чун ин растанӣ заҳрдор буда, табибони таҷрибадор муолиҷа бо чунин шеваро раво намедонанд. Facebook низ ба ин шеваи табобат бовар накарду постҳои қаблии Содир Ҷабборов дар мавриди ин тарзи муолиҷа аз СOVID-19 пок кард. Дар ширкат ин гуна изҳоротро дурӯғпароканӣ хонданд, ки ба саломатии инсон хатар дорад.
https://sputnik.tj/20210203/furshanda-mavod-doru-pandemiya-1032749875.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033056177_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0de5722e0d54bd738ff251524c835122.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беморӣ, табобат, вазир, тандурустӣ
беморӣ, табобат, вазир, тандурустӣ
Теъдоди заҳролудшудагон дар Қирғизистон аз решаи тавсиядодаи вазир афзоиш ёфт
14:15 21.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Вазорати тандурустии Қирғизистон аз афзоиши теъдоди заҳролудшудагон аз решаи растании “исиқкӯлӣ” хабар дода, ҳолашонро шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ҳадди ақал чор нафар дар Қирғизистон бар асари заҳролудшавӣ аз решаи растание, ки вазири тандурустии кишвар онро доруи коронавирус гуфта буд, заҳролуд шудаанд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ҳамаи заҳролудшудагон дар беморхонаҳо бистарӣ шуда, вазъашон муътадил мебошад.
Нахустин заҳролудшуда аз ин растанӣ марди 63-сола мебошад, ки ахиран бистарӣ шуда буд.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки марди 63-сола шираи решаро барои муолиҷа аз коронавирус нӯшида, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Қаблан табобати бемории коронавирус бо решаи растании исиқкулиро раисиҷумҳури Қирғизистон ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, шираи ин реша беморро аз коронавирус тайи ду - се рӯз халос мекунад.
Аммо Кумитаи масоили иҷтимоӣ ба вазири тандурустӣ изҳори нобоварӣ кард, чун ин растанӣ заҳрдор буда, табибони таҷрибадор муолиҷа бо чунин шеваро раво намедонанд.
Facebook низ ба ин шеваи табобат бовар накарду постҳои қаблии Содир Ҷабборов дар мавриди ин тарзи муолиҷа аз СOVID-19 пок кард. Дар ширкат ин гуна изҳоротро дурӯғпароканӣ хонданд, ки ба саломатии инсон хатар дорад.