Мақомоти Суғд ҳаҷми сармояҳои ҷалбшуда ба иқтисоди вилоятро дар се моҳ эълон кард

© AFP 2023 / LEON NEALАкция протеста у Лондонской фондовой биржи
Акция протеста у Лондонской фондовой биржи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар се моҳи соли равон ба иқтисоди вилоят наздик ба 66 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд танҳо дар се моҳи соли равон ба иқтисоди вилоят 50,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар семоҳаи аввали соли 2021 барои фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуд.
Рабочая поездка главы согдийской области Раджаббоя Ахмадзоды в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2019
Ҷалби сармоя ва тақвияти ҳамкорӣ: раиси вилоят ва соҳибкорони Суғд ба Белорус рафтанд
Гиттилоъ дода шудааст, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 65,7 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 108,0 фисад таъмин гардидааст.
“Аз ҷумла, ба маблағи 50,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 15,4 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон мақомоти вилоят зикр кардааст, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 4 миллиарду 368,9 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 127,8 фоиз таъмин гардид.
Лентаи хабарҳо
0