https://sputnik.tj/20210421/khf-boron-sel-hushdor-1038865307.html
КҲФ аз борони шадиду селбориш ҳушдор медиҳад
КҲФ аз борони шадиду селбориш ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз шаҳрвандон дархост намудааст, ки дар рӯзҳои номусоиди ҳаво, аз сайру гашт ба кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво худдорӣ кунанд
2021-04-21T10:40+0500
2021-04-21T10:40+0500
2021-04-21T13:17+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кҳф
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038847107_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_d96bdf21d1195f9a5ee6b9a7d8a98303.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон якбора бад шудани обу ҳаво пешбинӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣГуфта мешавад, шабона дар минтақаҳои баландтар аз 2500 метр барф дар назар аст, дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид, раъду барқ, жола имконпазир аст.Интизор меравад, ки сатҳи об дар дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дарёҳои Қизилсу, Яхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб мерезанд, боло равад.Кумита ҳушдор медиҳад, ки давоми ду рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи доманакӯҳ ва ё кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки ҳар чӣ бештар эҳтиёткор бошанд.Кумита аз ҷумла даъват намудааст, ки дар рӯзҳои номусоид будани обуҳа, аз чаронидани чорва, ҷамъоварии ҳезум, сайру гашт дар кӯҳҳо худдорӣ карда шавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038847107_147:0:2878:2048_1920x0_80_0_0_cfc43863a2db31ba7c79c887655569b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обуҳаво, кҳф, ҳушдор
тоҷикистон, обуҳаво, кҳф, ҳушдор
КҲФ аз борони шадиду селбориш ҳушдор медиҳад
10:40 21.04.2021 (Навсозишуда: 13:17 21.04.2021) Ҳавои Тоҷикистону имрӯзу фардо ноустувор мешавад. Боришоти шадиди борону жола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон якбора бад шудани обу ҳаво пешбинӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ
“Рӯзҳои 21 ва 22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, боришоти шадиди борон ва вазиши шадиди бод дар назар аст”, - таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, шабона дар минтақаҳои баландтар аз 2500 метр барф дар назар аст, дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид, раъду барқ, жола имконпазир аст.
Интизор меравад, ки сатҳи об дар дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дарёҳои Қизилсу, Яхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб мерезанд, боло равад.
Кумита ҳушдор медиҳад, ки давоми ду рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи доманакӯҳ ва ё кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки ҳар чӣ бештар эҳтиёткор бошанд.
Кумита аз ҷумла даъват намудааст, ки дар рӯзҳои номусоид будани обуҳа, аз чаронидани чорва, ҷамъоварии ҳезум, сайру гашт дар кӯҳҳо худдорӣ карда шавад.