https://sputnik.tj/20210421/jazoi-qotili-saidov-dodsitoni-kushtori-tojikistoniyon-1038878629.html
Ҷазои қотили Саидов: Додситонӣ гуфт, куштори тоҷикистониёнро дар хориҷ пайгирӣ мекунад
Ҷазои қотили Саидов: Додситонӣ гуфт, куштори тоҷикистониёнро дар хориҷ пайгирӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон аз муҷозоти қотили Толибҷон Саидови 21-сола дар Русия хабар дод.
2021-04-21T14:35+0500
2021-04-21T14:35+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
таҳқиқ
куштор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_0:5:1600:905_1920x0_80_0_0_3aafec65e98ef94b84afcc5d173190e8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз муҷозоти қотили Толибҷон Саидови 21-сола дар Русия хабар дод. Тибқи иттилои додситонӣ, ҷасади Саидов, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳри Конибодом моҳи августи соли гузашта, бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд. Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои таҳқиқу муҷозоти гунаҳкорони марги Саидов ба Додситонии кулли Русия дархост ирсол карда шуд.Дар пайи ҳамкорӣ нисбати гумонбар Раҳимзода К., бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Илова шудааст, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Нижневартовск Раҳимзода гунаҳгор дониста шуда, ба 7 соли зиндон маҳкум гардидааст. Инчунин бо ҳукми додгоҳ, даъвои граждании наздикони Саидов барои рӯёнидани зарари маъанавӣ ба андозоаи 800 ҳазор рубл қонеъ карда шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки ҳар ҳодисаи марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷи кишварро таҳти назорати махсус қарор медиҳаду дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20210416/matvienko-zarurat-marzkushoi-jalbi-muhojiron-video-1038542004.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_194:0:1406:909_1920x0_80_0_0_68b9a60c05c3d52bd73d79b3330b68a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қотил, ҷазо, муҳоҷир
Ҷазои қотили Саидов: Додситонӣ гуфт, куштори тоҷикистониёнро дар хориҷ пайгирӣ мекунад
14:35 21.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаҳои зӯроварӣ ва куштори шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар пайгирӣ мекунанду ҷазо гирифтани қотили Толибҷон Саидов, ҷавони тоҷикро зикр намудааст
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз муҷозоти қотили Толибҷон Саидови 21-сола дар Русия хабар дод.
Тибқи иттилои додситонӣ, ҷасади Саидов, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳри Конибодом моҳи августи соли гузашта, бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои таҳқиқу муҷозоти гунаҳкорони марги Саидов ба Додситонии кулли Русия дархост ирсол карда шуд.
Дар пайи ҳамкорӣ нисбати гумонбар Раҳимзода К., бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
"Тафтишот муайян кард, ки Раҳимзода дар натиҷаи муноқиша, бо корд ба шиками Саидов як зарба задааст, ки охирон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоияи додситон.
Илова шудааст, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Нижневартовск Раҳимзода гунаҳгор дониста шуда, ба 7 соли зиндон маҳкум гардидааст. Инчунин бо ҳукми додгоҳ, даъвои граждании наздикони Саидов барои рӯёнидани зарари маъанавӣ ба андозоаи 800 ҳазор рубл қонеъ карда шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки ҳар ҳодисаи марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷи кишварро таҳти назорати махсус қарор медиҳаду дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида хоҳанд шуд.