Дастури Раҳмону қарори парлумон: пули ҷаримаҳо 600 сомонӣ зиёд шуд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи якумаи Маҷлиси миллӣ даъвати шашум
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи якумаи Маҷлиси миллӣ даъвати шашум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
Парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ барои нақзи талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди бемориҳои сироятӣ ҷазо ҷорӣ намуда, ҳаҷми ҷаримаҳо барои вайрон кардани қонуни танзимро афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Бар асоси тағйироти ҷадид, ки Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо муаррифӣ кард, ҳаҷми ҷаримаҳо ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 600 сомонӣ афзоиш ёфтанд. Аз аввали соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 60 сомонӣ муқаррар шудааст.
Зиёд кардани ҷаримаҳо барои нақзи қонуни танзимро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум дастур дода буд.
Бар асоси тағйири воридшуда, минбаъд барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо шахсони воқеӣ ба андозаи аз 100 то 130 нишондиҳанда, шахсони мансабдор аз 250 то 280 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 530 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешаванд.
Молодожены расписываются на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2019
Ҳунарманди тоҷикро барои нақзи қонуни танзим 583 доллар ҷарима карданд
Яке аз тағйироти қабулкардаи дигари парлумон ин аст, ки агар минбаъд нафаре қонуни танзимро нақз кунаду ин амалаш пас аз 6 моҳ ошкору муайян гардад, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Инчунин муқаррар шудааст, ки агар тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои сироятӣ зимни ҷашну маросимҳо вайрон карда шаванд, нақзкунандагон ҷаримабандӣ мегарданд. Аммо ҳаҷми ҷаримаҳо барои нақзи тавсияҳои Ситод ироа нагардид.
Тағйироти мазкур дар ҳолест, ки то ҳол бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо то ҳол ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то яксаду бист, ба шахсони мансабдор аз дусаду панҷоҳ то дусаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то панҷсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин мегардид.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, соли қабл дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум хостори сангинтар кардани ҷазо барои нақзи қонуни танзим шуд.
“Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд”, - изҳор дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0