Таъкиди ЮНИСЕФ барои беҳтар намудани таҳсилоти кӯдакон дар Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВ новой школе района Рудаки
В новой школе района Рудаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Роҳбари Созмони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз иштироки бахши хусусӣ дар расонидани кӯмаки устувор ба кӯдакони Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани таҳсилот, таъкид кард
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Усома Маккавӣ, роҳбари Фонди Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Платаи савдо ва саноат.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқоти корӣ ҷонибҳо дар бораи вазифаҳо ва нақшаҳо барои соли 2021 табодули назар карданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бораи тасҳеҳи фаврии фаъолияти Палата оид ба дастгирии самарабахш ба бахши хусусӣ дар заминаи пандемияи COVID-19 изҳори назар кард.
Нуриддин Саид, министр образования и науки Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2019
Дар Африқо кондитсионер нест, мехонанд: посухи вазир ба гила аз таҳсили кӯдакон дар гармӣ
Дар навбати худ, Усома Маккавӣ аҳамияти иштироки бахши хусусиро дар расонидани кӯмаки устувор ба кӯдакони Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани таҳсилот, ташаккул ва ҷорӣ намудани пояҳои тарзи ҳаёти солим ва дигар омилҳои муҳими рушд ва ташаккули ҷавонон таъкид намуда.
Ӯ қайд намудааст, ки кӯдакон ояндаи Тоҷикистонанд ва ниёз ба кумаку дастгирӣ доранд.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар мулоқот инчунин мавзӯи пешгирии норасоии йод дар Тоҷикистон тавассути йодноккунии намак – раванди ғанисозии намак бо йод бо мақсади пешгирии бемориҳои норасоии йод дар кӯдакон ва калонсолон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0