Оғози тамриноти низомиёни Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон: видео

Обуна шудан
Машқҳои муштараки низомиёни Русияву Тоҷикистон оғоз шуд
Панҷоҳ ҳазор сарбози тоҷик ва рус дар се пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Тоҷикистон машқҳои низомии муштарак мегузаронанд.
Дар ин машқҳо, ки то 23 апрел идома мекунад, намояндагони сохторҳои интизомӣ, нерӯҳои захира дар 25 шаҳру манотиқи вилояти Хатлон, кормандони созмонҳои давлатӣ ва сарбозону афсарони Пойгоҳи низомии 201 Русия ширкат мекунанд.
Оғози размоиши низомии муштараки Тоҷикистон ва Русия дар вилояти Хатлон
Ҳамин тавр дар ин тамринот, беш аз 50 ҳазор низомии шомили 9 ҳазор сарбозу афсари Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ҳазору 700 сарбоз ва афсари рус ва 40 ҳазор нерӯҳои захираи Артиши Миллии Тоҷикистон дар майдонҳои Самула, Мамрик ва Ҳармайдон дар вилояти Хатлон ширкат мекунанд.
Онҳо амалиёти низомиро барои ҳифозат аз сарҳадҳои ҷанубии кишварҳои ҳамсуд тамрин мекунанд.
Дар ин тамринот ҳамчунин тақрибан 70 мошини зиреҳпӯш, 780 мошин, 250 тӯп ва 20 ҳавопаймо истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0