Андӯҳгин шудам: ҳамдардии Ҷабборов бо хонаводаи Айтматов

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкНовоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон Содир Ҷаббороа ба хонаводаи Чингиз Айтматов ҳамдардӣ баён намуда, ҳамсари нависандаро модари ғамхор ва ҳамсари меҳрубон хондааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Президент Содир Ҷапаров ба хонавода ва дӯстони Чингиз Айтматов дар робита ба марги нобаҳангоми ҳамсари нависанда - Мария Айтматова таъзия баён кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қирғизистон хабар додааст.
"Хабари талхи марги Мария Айтматоваро ман бо ҳисси ғуссаи амиқ дарёфтам. Ин талафоти бузург на танҳо барои оила ва дӯстонаш, балки барои ҳамаи мост. Мария Айтматова дар хотираи мо ҳамчун модари ғамхор, ҳамсари меҳрубон ва ҳамсафари боэътимоди нависандаи бузург, ки Қирғизистонро дар тамоми ҷаҳон машҳур кард, боқӣ хоҳад монд", - омадааст дар номаи таслият.
Сабабҳои марги Мария Айтматова то ҳол маълум нест. Маълум аст, ки вай дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Бевазани нависандаи бузург 78-сола буд.
Мария Айтматова — вдова народного писателя Чингиза Айтматова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Ҳамсари Чингиз Айтматов даргузашт: 78 сол дошт
Чингиз Айтматов дар тӯли ҳаёти худ ба классики ёдшудаи адабиёти ҷаҳонӣ табдил ёфт. Аммо, дар айни замон, мувофиқи ёддоштҳои ҳамзамонон, ӯ як шахси сода ва мушфиқ буд.
Чингиз Айтматов ду маротиба издивоҷ кард ва Мария ҳамсари дуюми ӯ буд.
Дар издивоҷи дуюм Айтматов ва ҳамсари ӯ соҳиби ду фарзанд - Элдар ва Ширин шуданд.
Лентаи хабарҳо
0