https://sputnik.tj/20210420/bozdosht-iftitoh-parvanda-marde-internet-prezident-tahqir-1038804646.html
Боздошту ифтитоҳи парванда алайҳи марде, ки дар интернет Президентро таҳқир кард
Боздошту ифтитоҳи парванда алайҳи марде, ки дар интернет Президентро таҳқир кард
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар минтақаи Ҷиззахи Ӯзбекистон, кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, мардеро барои таҳқири президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт
2021-04-20T13:30+0500
2021-04-20T13:30+0500
2021-07-07T18:37+0500
президент
ӯзбекистон
таҳқир
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/07/1030410712_0:28:1374:801_1920x0_80_0_0_df57dc8577bb0d58b7dbb4421adf4458.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар минтақаи Ҷиззахи Ӯзбекистон, кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, мардеро барои таҳқири президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт карданд.Sputnik Ӯзбекистон менависад, боздоштшуда 52 сол дорад ва сокини минтақаи Бахмал аст. Ба иттилои манбаъ, номбурда дар Facebook ва Youtube сафҳае бо номи В.К. кушода, он ҷо бо баромадҳои мустақим дар ҳаққи кишвардори Ӯзбекистон таҳқиру гапҳои нораворо сазовор донистааст.Гуфта мешавад, сокини Бахмал, ислоҳоти пиёданамудаи Шавкат Мирзиёевро нодуруст номида, нисбати ӯ тӯҳмат ва маълумотҳои бардурӯғро паҳн кардааст.Дар ҳамин ҳол, нисбати боздоштшуда, бо моддаи 158 "Таҳқир ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон" парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.Бояд гуфт, ки қаблан Шавкат Мирзиёев фармонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 158 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо карда буд. Ҳамакнун, тибқи тағйиру иловаҳо, барои таҳқири оммавӣ ва тӯҳмат нисбати президент дар интернет, то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210415/mirziiyoev-mansabdoronr-sabukdush-maoshro-bargardonand-1038472227.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/07/1030410712_135:0:1239:828_1920x0_80_0_0_ec7bc59e650c1ee12b24f5204798872b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, ӯзбекистон, таҳқир, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
президент, ӯзбекистон, таҳқир, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Боздошту ифтитоҳи парванда алайҳи марде, ки дар интернет Президентро таҳқир кард
13:30 20.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Сокини 52 - сола барои таҳқири роҳбари давлат боздошт ва ҳамакнун алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар минтақаи Ҷиззахи Ӯзбекистон, кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, мардеро барои таҳқири президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт карданд.
Sputnik Ӯзбекистон менависад, боздоштшуда 52 сол дорад ва сокини минтақаи Бахмал аст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар Facebook ва Youtube сафҳае бо номи В.К. кушода, он ҷо бо баромадҳои мустақим дар ҳаққи кишвардори Ӯзбекистон таҳқиру гапҳои нораворо сазовор донистааст.
Гуфта мешавад, сокини Бахмал, ислоҳоти пиёданамудаи Шавкат Мирзиёевро нодуруст номида, нисбати ӯ тӯҳмат ва маълумотҳои бардурӯғро паҳн кардааст.
Дар ҳамин ҳол, нисбати боздоштшуда, бо моддаи 158 "Таҳқир ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон" парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Бояд гуфт, ки қаблан Шавкат Мирзиёев фармонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 158 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо карда буд.
Ҳамакнун, тибқи тағйиру иловаҳо, барои таҳқири оммавӣ ва тӯҳмат нисбати президент дар интернет, то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.