Мушкилӣ бо асъори хориҷӣ: Бонки миллӣ ба бозори арз мудохила мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Душанбе-плаза
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ ва таъмини субот дар бозори дохилии асъор мудохилаи (интервенсияи) асъорӣ анҷом диҳад.
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев ва ширкати роҳбарони аввали ташкилоти қарзии молиявии кишвар вазъи бозори дохилии арз баррасӣ шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ташкилоти қарзии молиявӣ вазифадор гардиданд, ки илова бар маблағҳои мудохилаи (интервенсия) навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаву имконияти худ талаботи муштариёнашонро бидуни ягон мамониат бо асъори хориҷӣ қонеъ намоянд.
© БМТМуовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев
Муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев
"Тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз самти фаъолият метавонанд дархостҳои худро ҷиҳати харидорӣ намудани асъори хориҷии (доллари ИМА) ғайринақдӣ ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасонашон пешниҳод намоянд", - гуфтааст Бонки миллӣ.
Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ ва таъмини субот дар бозори дохилии асъор мудохилаи (интервенсияи) асъорӣ анҷом диҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамарӯза вазъи бозори дохилии асъорро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмини суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода бурда истодааст.
© БМТБаҳси бозори арз дар БМТ
Баҳси бозори арз дар БМТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Баҳси бозори арз дар БМТ
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват карда, ки ҳангоми пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла дар самти хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ё беасос нафурӯхтани асъори нақд ва ё бо қурби баланд аз қурби фурӯш муқарраргардида фурӯхтани асъор ба телефонҳои боварии ташкилоти қарзии молиявӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.
Манбаъ афзуда, ки дар сурати муносибати дағалонаи кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки оид ба корманди ташкилоти қарзии молиявӣ (бо нишон додани ному насаб ва вазифаи хизматии корманд), ки барои анҷом додани хизматрасонии бонкӣ монеа эҷод менамояд ба Юонк муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0