https://sputnik.tj/20210419/tojikiston-kharitai-mintaqa-hosilhez-nashr-shud-1038790131.html
Дар Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ҳосилхезро нашр шуд
Дар Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ҳосилхезро нашр шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Харитаи технологии зироатҳои кишоварзиро таҳия ва нашр кардааст
2021-04-19T18:25+0500
2021-04-19T18:25+0500
2021-04-19T18:57+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
ҳосил
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_0:154:3077:1885_1920x0_80_0_0_be225afc538751e7244e225bef93454c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ харитаеро таҳия кардааст, ки кишоварзон аз он дар бораи дар кадом минтақа чӣ зироат ҳосили бештар медиҳад, маълумот мегиранд.Вазорати кишварзӣ бо нашри як хабар гуфтааст, ки бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ барои ба нақшагирии кишти зироатҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ҳосили баланд, аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду балки се-чор ҳосил ва гирифтани даромади дилхоҳ Харитаи технологии зироатҳои кишоварзӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат”-и Вазорати кишоварзӣ бо супориши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.Муаллифони ин харита пешниҳод кардаанд, ки он дар шакли китоб нашр ва ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар тақсим карда шавад.Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ сохти колхозҳоро барҳам дод ва ба ҷойи он хоҷагиҳои деҳқонии хусусӣ ташкил ёфтанд.Бояд тазаккур дод, ки дар раванди гузаронидани ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 зиёда аз 172 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210220/Tajikistan-fehrist-sodirot-mahsulot-kishovarzi-sanoat-tahiya--1032860049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_751693fb77e113fba6e17cf3335bf19b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати кишоварзӣ, харита, заминҳои ҳосилхез, таҳия, нашр
вазорати кишоварзӣ, харита, заминҳои ҳосилхез, таҳия, нашр
Дар Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ҳосилхезро нашр шуд
18:25 19.04.2021 (Навсозишуда: 18:57 19.04.2021) Вазорати кишоварзии харитаи технологии зироатҳои кишоварзиро таҳия ва нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ
харитаеро таҳия кардааст, ки кишоварзон аз он дар бораи дар кадом минтақа чӣ зироат ҳосили бештар медиҳад, маълумот мегиранд.
Вазорати кишварзӣ бо нашри як хабар гуфтааст, ки бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ барои ба нақшагирии кишти зироатҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ҳосили баланд, аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду балки се-чор ҳосил ва гирифтани даромади дилхоҳ Харитаи технологии зироатҳои кишоварзӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат”-и Вазорати кишоварзӣ бо супориши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.
Муаллифони ин харита пешниҳод кардаанд, ки он дар шакли китоб нашр ва ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар тақсим карда шавад.
“Харитаи технологии зироатҳои кишоварзӣ дар мисоли парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ парваришшаванда оварда шудааст, ки оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши банақшагирӣ ва малакаи корбарии хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд”,- таъкид доштааст вазорат.
Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ сохти колхозҳоро барҳам дод ва ба ҷойи он хоҷагиҳои деҳқонии хусусӣ ташкил ёфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар раванди гузаронидани ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 зиёда аз 172 ҳазор ададро ташкил медиҳад.