https://sputnik.tj/20210419/sharhi-eron-guftushunid-saudi-ehyoi-munosibot-1038592217.html
Шарҳи Эрон дар бораи гуфтушунид бо Саудӣ барои эҳёи муносибот
Шарҳи Эрон дар бораи гуфтушунид бо Саудӣ барои эҳёи муносибот
Sputnik Тоҷикистон
Теҳрон ҳамеша ҷонибдори муколама бо Риёз буд, изҳор дошт сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода.
2021-04-19T14:26+0500
2021-04-19T14:26+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар ҷаҳон
эрон
риёз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033046904_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_83c2b634c3d8dd83a3af5ef28ef1ba95.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Хатибзода, намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон зимни шарҳи хабари расонаҳо дар бораи музокироти ин кишвар бо Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки ҷониби Теҳрон ҳамеша тарафдори музокирот бо Риёз буд. Қаблан Financial Times бо такя ба манбаъҳояш хабар дода буд, ки мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ ва Эрон бо мақсади барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, ки панҷ сол қабл канда шуда буданд, гуфтушуниди мустақим доранд. Ба навиштаи рӯзнома, ин музокирот рӯзи 9 апрел дар Бағдод бо миёнҷигарии сарвазири Ироқ Мустафо Каземӣ баргузор шуд ва "аввалин музокироти сиёсии муҳим" -и байни ин ду кишвар аз соли 2016 ба ин сӯ мебошад. "Мо ин гузоришҳоро дар расонаҳо дидем. Муҳим он аст, ки Эрон ҳамеша муколамаро бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ истиқбол мекунад ва чунин мешуморад, ки ин ба манфиати мардуми ду кишвар ва инчунин сулҳу амният дар Аврупо аст. Ин равиш идома хоҳад ёфт", - гуфт Хатибзода зимни брифинг, ки муҳтавои он дар шабакаи Telegram-и ин ниҳод нашр шудааст. Арабистони Саудӣ моҳи январи соли 2016 пас аз ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии он дар Теҳрон ва Машҳад, ки бо эъдоми воизи машҳури шиа Нимр ал-Нимр дар Арабистони Саудӣ ба амал омада буданд, муносибатҳои дипломатиро бо Эрон қатъ кард.Аз ҳамбастагӣ бо Риёз, яке аз пешвоёни ҷаҳони суннии араб, Баҳрайн, Судон ва Ҷибути муносибатҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ карданд.
https://sputnik.tj/20210412/eron-isroili-hamla-intiqom-1035309965.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033046904_15:0:1000:739_1920x0_80_0_0_1ebe6003c36d9a8dbab5f7189e6e0502.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теҳрон, риёз, гуфтушунид, музокирон, дипломатӣ
теҳрон, риёз, гуфтушунид, музокирон, дипломатӣ
Шарҳи Эрон дар бораи гуфтушунид бо Саудӣ барои эҳёи муносибот
14:26 19.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Теҳрон ҳамеша ҷонибдори муколама бо Риёз буд, изҳор дошт сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Хатибзода, намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон зимни шарҳи хабари расонаҳо дар бораи музокироти ин кишвар бо Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки ҷониби Теҳрон ҳамеша тарафдори музокирот бо Риёз буд.
Қаблан Financial Times бо такя ба манбаъҳояш хабар дода буд, ки мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ ва Эрон бо мақсади барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, ки панҷ сол қабл канда шуда буданд, гуфтушуниди мустақим доранд.
Ба навиштаи рӯзнома, ин музокирот рӯзи 9 апрел дар Бағдод бо миёнҷигарии сарвазири Ироқ Мустафо Каземӣ баргузор шуд ва "аввалин музокироти сиёсии муҳим" -и байни ин ду кишвар аз соли 2016 ба ин сӯ мебошад.
"Мо ин гузоришҳоро дар расонаҳо дидем. Муҳим он аст, ки Эрон ҳамеша муколамаро бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ истиқбол мекунад ва чунин мешуморад, ки ин ба манфиати мардуми ду кишвар ва инчунин сулҳу амният дар Аврупо аст. Ин равиш идома хоҳад ёфт", - гуфт Хатибзода зимни брифинг, ки муҳтавои он дар шабакаи Telegram-и ин ниҳод нашр шудааст.
Арабистони Саудӣ моҳи январи соли 2016 пас аз ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии он дар Теҳрон ва Машҳад, ки бо эъдоми воизи машҳури шиа Нимр ал-Нимр дар Арабистони Саудӣ ба амал омада буданд, муносибатҳои дипломатиро бо Эрон қатъ кард.
Аз ҳамбастагӣ бо Риёз, яке аз пешвоёни ҷаҳони суннии араб, Баҳрайн, Судон ва Ҷибути муносибатҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ карданд.