Чаро писари Масъуд Ашраф Ғаниро "бад" мегӯяд ва омодаи сулҳ бо "Толибон" аст?

© AFP 2023 / JOEL SAGETАхмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Аҳмади Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд тавзеҳ дод, ки дар арсаи сиёсат чӣ мехоҳад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Аҳмади Масъуд, ягона фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, ки чанде пеш тасмимашро дар боробари пеш гирифтани роҳи сиёсат эълон карда буд, гуфт, ки дар он роҳ чӣ мақсад дорад.
Аҳмад Масъуд дар мусоҳиба бо телевизиони "Тулӯъ"-и Афғонистон тавзеҳ додааст, ки чаро Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистонро лоиқи сарварӣ намедонад ва омода аст бо гурӯҳи радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) сулҳ бандад.
Вақте ровии барнома пурсидааст, ки "чаро шумо Ашраф Ғаниро бад гуфтед", Масъуд чанд сабабро номбар кардааст.
"Ниёзмандии имрӯзи Афғонистон сулҳ аст ва мутаассифона низоми феълии сулҳи Афғонистон ва ниёзи имрӯзи Афғонистон нест. Шумо агар ҷанги имрӯзро бубинед, барномаи мудавван барои овардани сулҳро бубинед, агар фақру бекориро биднед, ба воқеият дарк мекунед, имрӯз Ашраф Ғанӣ намояндаи бадбахтист", - таъкид кардааст ӯ.
Ҳамчунин писари Аҳмадшоҳ афзудааст, ки омода аст хуни падарашро бубахшад.
Вақте ровии барнома пурсидааст, ки оё омода аст бо "Толибон" сулҳ бандад, вай посухи мусбӣ додааст.
"Бидуни шак, сулҳ ба ҳамин хотир аст, ки гузаштаҳо пушти сар гузошта шавад ва равем ба сохтани як Афғонистони воҳид", - гуфтааст вай.
Вақте дубора аз Аҳмад пурсидаанд, ки агар дар куштори падараш ин гурӯҳи радикалӣ даст дошта бошад, чӣ?
"Бале мебахшам, аммо хуни қаҳрамони миллиро мебахшам, ормонашро ба ҳиҷ унвон ҳозир нестам фаромӯш кунам. Агар толиб ба хотири сулҳ ҳозир ҳаст, биёянд, сӯҳбат кунем, ва як Афғонистони озод ва исломӣ бунёд кунем. Ҳозир ҳастем, ки аз гузашта бигзарем ва ба хотири иззати кишварамон муштарак ҳаракат кунем", - қайд кардааст Аҳмади Масъуд.
Тафсилоти сӯҳбати писари Аҳмадшоҳ Масъудро аз навори барнома тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0