Паҳлавонҳои тоҷик аз чемпионати Осиё бо як медал баргаштанд

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистоннДалер Ризозода, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба куштии юнонӣ-римӣ дар Чемпионати Осиё медали нуқра гирифт
Далер Ризозода, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба куштии юнонӣ-римӣ дар Чемпионати Осиё медали нуқра гирифт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар риштаи куштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, ки 18 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷамъбаст гардид, як медал гирифтанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар чемпионат Далер Ризозода, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба куштии юнонӣ-римӣ барандаи медали нуқра гардид.
“Ӯ дар вазни 77 кило қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Вале бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал нерӯ санҷад”, - тавзеҳ дод Кумита.
Манбаъ афзуд, ки дар ин равия се варзишгари дигари тоҷик – Асламҷон Азизов дар вазни 55 кило, Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87 кило ва Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72 кило ҷои панҷумро гирифтанд.
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Варзишгарони тоҷик ба Маскав меоянд: соли пеш аз ин мусобиқа 5 медал оварданд, имсол чӣ?
Дар намуди куштии тарзи озод паҳлавонҳои Тоҷикистон аз медал бенасиб монданд. Кумита мегӯяд, натиҷаи беҳтарро Баҳодур Қодиров нишон дод, ки дар вазни 86 кило ҷои панҷумро ишғол кард.
Дар Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи куштӣ дар ҳайати 11 нафар – Ҳикматулло Воҳидов (57кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Ғуломҷон Шарипов (74 кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Искандари Рустам (125 кг) дар равияи гуштини озод, Асламҷон Азизов (55 кг), Шероз Очилов (67кг), Муслиҳиддин Уроқов (72кг), Далер Ризозода (77кг), Тоҳирҷон Охунов (87кг), Амирҷон Ҷураев (97кг) дар равияи юнонӣ-римӣ ширкат намуданд.
Дар Чемпионати осиёии соли 2020, ки дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуд, паҳлавонҳои тоҷик чор медал – ду нуқра, ду биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Лентаи хабарҳо
0