Сарвазири Покистон хост, Урупо ба таҳқири Муҳаммад (с) чун ба Ҳолокост муносибат кунад

© REUTERS \ Mike HutchingsМусульмане молятся в ожидании появления луны, знаменующей начало священного месяца Рамадан, на набережной в Кейптауне, Южная Африка
Мусульмане молятся в ожидании появления луны, знаменующей начало священного месяца Рамадан, на набережной в Кейптауне, Южная Африка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Намояндаи ҳукумати Покистон пешниҳод мекунад, ки стратегияи рафтори ахлоқӣ нисбат ба динҳо таҳия карда шавад
ДУШАНБЕ, 19 апрел - Sputnik. Покистон хостори таҳияи меъёри ахлоқӣ барои навиштани тавзеҳ ва шарҳ дар бораи пайғамбар Муҳаммад (с) шудааст. Дар ин бора сарвазир Имрон Хон дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст.

"Ман инчунин ҳукуматҳои Ғарбро, ки ҳама гуна шарҳҳои манфӣ дар бораи Ҳолокостро ғайриқонунӣ эълон кардаанд, даъват мекунам, ки ҳамон меъёрҳоро барои ҷазо додани онҳое, ки қасдан бо бадномкунии пайғамбари мо иғво бармеангезанд, истифода баред", - гуфт Хон.

Инчунин, намояндаи ҳукумати Покистон аз сиёсатмадорони ғарбӣ, ки исломро таҳқир мекунанд, талаб кард, то узрхоҳӣ кунанд.
Верблюды в пустыне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2019
Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) : оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом
Имрон Хон афзуд, азбаски онҳо то ҳол ин корро накардаанд, "на виҷдон доранду на ҷасурӣ".
Мавзӯи баҳси Урупо ва ҷаҳони ислом бори дигар пас аз нашри матолиб дар бораи пайғамбар Муҳаммад (с) дар нашрияи Charlie Hebdo сар зад.
Дар тӯли 10 соли охир карикатураҳо дар мавзӯи ислом боиси ҳамлаҳои террористӣ, маҳкумкунии оммавии сиёсатмадорони Фаронса ва эътирозҳои оммавӣ шуданд, аммо бо вуҷуди ин, дин яке аз мавзӯъҳои доимии рӯзномаи Фаронса боқӣ мемонад.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2020
Эрдуғон маҷаллаи фаронсавиро барои карикатура ба додгоҳ кашид
Барои пайравони дини ислом ҳама гуна тасвирҳои пайғамбар Муҳаммад (с) ғайриқобили қабуланд, аммо мақомоти Фаронса низ ба мушкилоти ахлоқӣ ба ҳеҷ ваҷҳ посух намедиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0