Лаҳзаҳои беҳтарини пирӯзии тими "Истиқлол" бар футболбозони Ӯзбекистон - навор

Обуна шудан
Тими АГМК Ӯзбекистон бо ворид кардани як голи дигар ба дарвозаи худ ҳисобро ба 3:2 бар нафъи дастаи "Истиқлол" баробар кард
Қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол" - и Душанбе ғалабаи аввалини таърихиро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо шикаст додани тими АГМК (Комбинати кӯҳӣ-металлургии Олмалик) - Ӯзбекистон ба даст овард.
Бозӣ шоми гузашта дар варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 поён ёфт.
Голҳои Истиқлолро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Як голи дигарро худи футболбозони АГМК вориди дарвозаи худ намуданд. Голро легионери серб Йован Ҷокич ба самар расонд.
Ба иттилои маркази матбуотии ФФТ, қабл аз ин дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021, қаҳрамони Тоҷикистон бо бошгоҳи "Шабоб Ал-Аҳли" Дубай мусовӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0