https://sputnik.tj/20210419/bishkek-boz-girdihamoi-1038588875.html
Дар маркази Бишкек боз гирдиҳамоӣ аст - видео митинг
Дар маркази Бишкек боз гирдиҳамоӣ аст - видео митинг
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази Бишкек соҳибони мошинҳои бо рақами Абхазистон гирдиҳамоӣ мекунанд.
2021-04-19T13:36+0500
2021-04-19T13:36+0500
2021-11-30T17:56+0500
қирғизистон
осиёи марказӣ
эътирозгарон
иҷтимоъ
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038588486_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_ab5e171d5046a20571884fca32e255b3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар маркази Бишкек соҳибони мошинҳои рақами давлати Абхазистон гирдиҳамоӣ мекунанд, менависад Sputnik Қирғизистон. Бино ба гузориши манбаъ, феълан дар назди бинои ҳукумат тақрибан 100 нафар ҷамъ омаданд. Дар аввал, онҳо сигнал зада, талаб карданд, ки президент Содир Ҷабборов ба наздашон барояд. Аммо, полис хоҳиш кард, ки садо набароранд, вагарна гирдиҳамоӣ оромона ҳисобида намешавад. Пасон эътирозгарон ба назди дари хонаи ҳукумат рафтанд. Эътирозгарон тақозо доранд, мошинҳое, ки аз Абхазистон оварда шудаанд, қонунӣ карда шаванд. Намояндагони ҳукумат ба наздашон баромаданд, онҳо кӯшиш доранд вазъро шарҳ диҳанд. Қазияи мошинҳои АбхазистонДар Қирғизистон рейдҳо шурӯъ шуданд, ки ҳадафи онҳо муайян кардани мошинҳои рақами абхазӣ мебошад, зеро онҳо на ба таври қоннуӣ, балки бо нақзи қонунгузории гумрукии ИИУО оварда шудаанд. Тақрибан даҳ мошин ба қитъаи ҷаримавӣ интиқол дода шуд.Пасон, дар майдони Ала-Тоо ва дар наздикии Кохи Ҳукумати Бишкек митинги соҳибони чунин мошинҳо баргузор шуд. Онҳо изҳор доштанд, ки мошинҳои аллакай ба ҷумҳурӣ воридшударо қонунӣ кунанд. Ронандагон аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки аксари онҳо дар бораи вайрон шудани қонун намедонистанд ва дар байни онҳо одамоне ҳастанд, ки ба қарз мошин харида, оилаҳояшонро хӯронда, ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунанд. Ҳафтаи гузашта, Вазорати иқтисод ҳушдор дод, ки мошинҳо бо рақамҳои абхазӣ аз истифода берун карда мешаванд.Ёдрас мешавем, рӯзи ҷумъа дар Бишкек гирдиҳамоии табибон баргузор шуд. Онҳо аз ҳукумат талаб карда буданд, ки музди ваъдакардаашонро диҳанд.
https://sputnik.tj/20210416/girdihamoii-tabibon-dar-bishkek-1038533770.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038588486_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_1f93c0e24c5a861e0129a9965e7263b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абхазистон, бишкек, гирдиҳамоӣ, ронандагон
абхазистон, бишкек, гирдиҳамоӣ, ронандагон
Дар маркази Бишкек боз гирдиҳамоӣ аст - видео митинг
13:36 19.04.2021 (Навсозишуда: 17:56 30.11.2021) Дар назди бинои ҳукумат тақрибан 100 нафар ҷамъ омаданд. Онҳо талаб доранд, ки мошинҳои дорои рақамҳои абхазӣ дар Қирғизистон қонунӣ карда шаванд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар маркази Бишкек соҳибони мошинҳои рақами давлати Абхазистон гирдиҳамоӣ мекунанд, менависад
Sputnik Қирғизистон.
Бино ба гузориши манбаъ, феълан дар назди бинои ҳукумат тақрибан 100 нафар ҷамъ омаданд. Дар аввал, онҳо сигнал зада, талаб карданд, ки президент Содир Ҷабборов ба наздашон барояд.
Аммо, полис хоҳиш кард, ки садо набароранд, вагарна гирдиҳамоӣ оромона ҳисобида намешавад. Пасон эътирозгарон ба назди дари хонаи ҳукумат рафтанд.
Эътирозгарон тақозо доранд, мошинҳое, ки аз Абхазистон оварда шудаанд, қонунӣ карда шаванд. Намояндагони ҳукумат ба наздашон баромаданд, онҳо кӯшиш доранд вазъро шарҳ диҳанд.
Қазияи мошинҳои Абхазистон
Дар Қирғизистон рейдҳо шурӯъ шуданд, ки ҳадафи онҳо муайян кардани мошинҳои рақами абхазӣ мебошад, зеро онҳо на ба таври қоннуӣ, балки бо нақзи қонунгузории гумрукии ИИУО оварда шудаанд.
Тақрибан даҳ мошин ба қитъаи ҷаримавӣ интиқол дода шуд.
Пасон, дар майдони Ала-Тоо ва дар наздикии Кохи Ҳукумати Бишкек митинги соҳибони чунин мошинҳо баргузор шуд.
Онҳо изҳор доштанд, ки мошинҳои аллакай ба ҷумҳурӣ воридшударо қонунӣ кунанд.
Ронандагон аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки аксари онҳо дар бораи вайрон шудани қонун намедонистанд ва дар байни онҳо одамоне ҳастанд, ки ба қарз мошин харида, оилаҳояшонро хӯронда, ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунанд.
Ҳафтаи гузашта, Вазорати иқтисод ҳушдор дод, ки мошинҳо бо рақамҳои абхазӣ аз истифода берун карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, рӯзи ҷумъа дар Бишкек гирдиҳамоии табибон баргузор шуд.
Онҳо аз ҳукумат талаб карда буданд, ки музди ваъдакардаашонро диҳанд.