Амрико барои озодии 7 ҳазор зиндонии Толибон миёнравӣ кардааст

© REUTERS \ NATIONAL SECURITY COUNCILОСвобожденные из тюрьмы боевики "Талибана"
ОСвобожденные из тюрьмы боевики Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Коршиноси масоили сиёсии Афғонистон эълом кард, ки дар сафари вазири хориҷаи Амрико ба Кобул, Муҳаммадашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар мутааҳҳид шудааст, 7 ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кунад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Довуд Обидӣ, аз афроди наздик ба Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар Русия) ва коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, бар асоси иттилооти вай, Ғанӣ дар сафари ахири Энтони Блинкен мутааҳҳид шудааст, ки ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кунад ва ҳамчунин Созмони милали муттаҳид низ дар ҳоли ройзанӣ барои хориҷ кардани номи раҳбарони Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар Русия) аз феҳристи сиёҳ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Гурӯҳи Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар Русия) дар иттилоияи қаблии худ эълом карда буд, ки Амрико ба онҳо тааҳҳуд додааст, ки ҳафт ҳазор зиндонии ин гурӯҳро дар раванди гуфтугӯи сулҳи Давҳа озод ва номи раҳбарони онҳоро низ аз феҳристи сиёҳ хориҷ мекунад, ки токунун ба ин ваъдаҳо амал накардааст.
Обидӣ афзудааст, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон бар асоси замонбандии таъиншудаи раисҷумҳури Амрико низ бо шаку тардидҳое мувоҷеҳ аст, зеро як ширкати амрикоӣ қарор аст, то соли 2022 ё фаротар аз он як қарордоди беш аз 900 миллион доллариро дар фурӯдгоҳи Баграми Афғонистон ба пеш барад, ки ин мавзуъ дар бораи раванди хуруҷ шакҳоеро эҷод мекунад.
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Сарбозони амрикоӣ пас аз хуруҷ дар Афғонистон хоҳанд монд: танҳо дар як ҷой
Ин мавзуъ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин Амруллоҳи Солеҳ, муовини аввали раёсатҷумҳурии Афғонистон озодии ҳудуди шаш ҳазор зиндонии Толибонро пеш аз оғози нишасти Давҳа бузургтарин иштибоҳи давлат хонда буд.
Ҳарчанд давлату мақомоти афғон дар сафари ахири Блинкен аз озодии зиндониёни Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар Русия) ва хуруҷи номи раҳбарони ин гурӯҳ аз феҳристи сиёҳ чизе нагуфтаанд, аммо Вазорати хориҷаи Амрико бо интишори тасвири дунафарӣ аз Блинкен ва раисҷумҳури Афғонистон ин гамоназаниро тақвият кардааст, ки ин мавзуъ дар ин дидори дунафара матраҳ шуда бошад.
Лентаи хабарҳо
0