https://sputnik.tj/20210418/ruzaro-meshikanad-vaksinagiri-dar-ramazon-sust-shud-1038565850.html
“Рӯзаро мешиканад”: ваксинагирӣ дар Рамазон суст шуд
“Рӯзаро мешиканад”: ваксинагирӣ дар Рамазон суст шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дасти кам ду маркази ваксиназанӣ дар Душанбе гуфтанд, ваксинагирӣ ба сахтӣ пеш меравад, зеро мардум фикр мекунанд, ворид кардани ваксина ба бадани инсон рӯзаи онҳоро мешиканад
2021-04-18T21:33+0500
2021-04-18T21:33+0500
2021-04-19T16:46+0500
тандурустӣ
созмон
ҷаҳонӣ
беҳдошт
ваксина
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032994322_0:274:3078:2005_1920x0_80_0_0_8dc7d625f84b6a998327d4df83975bf8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дасти кам ду маркази ваксиназанӣ дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин раванд ба сахтӣ пеш меравад, зеро мардум фикр мекунанд, ворид кардани ваксина ба бадани инсон рӯзаи онҳоро мешиканад ва иддае ҳам ҳастанд, ки намехоҳанд ваксина гиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 15 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом дошт, ваксинаи COVID-19 рӯзаи мусулмонро намешиканад. Бино ба муроҷиатномаи ин Шӯро, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рӯзаро фосид месозад. “Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рӯзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад”, - эълом доштааст Шӯрои уламо. Қаблан марокизи фатвои кишварҳои исломӣ, назири Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Баҳрайн, инчунин кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон - Ӯзбекистону Қазоқистон низ фатво доданд, ки бино ба онҳо, гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 рӯзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор намеравад ва баданро қувват намебахшад. Раванди ваксинакунӣ дар Тоҷикистон 22 марти соли равон дар пайи як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон шуруъ шуда буд. Бино ба ин қарор, қабл аз ҳама қишрҳои осебпазири ҷомеа, назири кормандони соҳаи тиб, маориф, афроди аз 60 - сола боло, кормандони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ва дигарон бояд ваксина гиранд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 16 апрели соли равон 35 ҳазору 254 нафар ваксина гирифтаанд. Онҳо ҳама бо ваксинаи AstraZeneca – и сохти Аврупо ваксина шудаанд, ки 192 ҳазор вояи онро Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ворид кардаанд.
https://sputnik.tj/20210331/shuroi-ulamo-tojikiston-vaksina-1033109337.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032994322_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_58fe937d908af738887899ae70087754.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксина, беморӣ, коҳиш,
“Рӯзаро мешиканад”: ваксинагирӣ дар Рамазон суст шуд
21:33 18.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Раванди гирифтани ваксинаи “вируси корона” ё COVID-19 дар Тоҷикистон бо фарорасии моҳи Рамазон ба кундӣ пеш меравад.
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дасти кам ду маркази ваксиназанӣ дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин раванд ба сахтӣ пеш меравад, зеро мардум фикр мекунанд, ворид кардани ваксина ба бадани инсон рӯзаи онҳоро мешиканад ва иддае ҳам ҳастанд, ки намехоҳанд ваксина гиранд.
“Азбаски ваксинагирӣ як раванди ихтиёрӣ аст, мо ҳам касеро маҷбур намекунем, ки ваксина гиранд. Агар саломатии худро фикр кунанд, гиранд хуб аст, зеро аз газанди беморӣ дар амон хоҳанд монд. Агар нахоҳанд, касе онҳоро маҷбур намекунад”, - гуфт масъули яке аз марокиз.
Ин ҳам дар ҳолест, ки 15 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом дошт, ваксинаи COVID-19 рӯзаи мусулмонро намешиканад. Бино ба муроҷиатномаи ин Шӯро, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рӯзаро фосид месозад.
“Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рӯзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад”, - эълом доштааст Шӯрои уламо.
Қаблан марокизи фатвои кишварҳои исломӣ, назири Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Баҳрайн, инчунин кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон - Ӯзбекистону Қазоқистон низ фатво доданд, ки бино ба онҳо, гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 рӯзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор намеравад ва баданро қувват намебахшад.
Раванди ваксинакунӣ дар Тоҷикистон 22 марти соли равон дар пайи як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон шуруъ шуда буд. Бино ба ин қарор, қабл аз ҳама қишрҳои осебпазири ҷомеа, назири кормандони соҳаи тиб, маориф, афроди аз 60 - сола боло, кормандони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ва дигарон бояд ваксина гиранд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 16 апрели соли равон 35 ҳазору 254 нафар ваксина гирифтаанд. Онҳо ҳама бо ваксинаи AstraZeneca – и сохти Аврупо ваксина шудаанд, ки 192 ҳазор вояи онро Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ворид кардаанд.