https://sputnik.tj/20210418/rohbar-pentagon-nizomiyon-amriko-afghoniston-1038557565.html
Роҳбари Пентагон намехоҳад, низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон берун раванд
Роҳбари Пентагон намехоҳад, низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон берун раванд
Sputnik Тоҷикистон
Ллойд Остин роҳбари Пентагон ба кишвардор Ҷо Байден ҳушдор додаст, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба дастгирии субот дар он кишар ба таври амалӣ хотима хоҳад дод
2021-04-18T12:56+0500
2021-04-18T12:56+0500
2021-04-18T12:57+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
амрико
афғонистон
пентагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/17/1032679719_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_63d4ba715efcd2a9770f5b443cf6e1b7.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Ллойд Остин ба кишвардор Ҷо Байден ҳушдор додаст, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба дастгирии субот дар он кишар ба таври амалӣ хотима хоҳад дод.Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мухолифат кард, ки президент Ҷо Байден рӯзи чоршанбеи гузашта дар бораи нақшаи то 11 сентябр ба анҷом расонидани онро эълом дошт. Дар ин бора рӯзи шанбе The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳояш хабар дод.Бар хабари манбаъ, сарвари Пентагон ба Байден хабар дод, ки якчанд роҳбарони низомии Амрико аз нақшаҳои Кохи Сафед барои хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд. Дар байни онҳо, ба навиштаи нашрия, раиси Кумитаи сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Марк Миллӣ, сардори фармондеҳии марказии (CENTCOM) нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Франклин Маккензи ва фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал-лейтенант Скотт Миллер мебошанд..Худи Остин, тавре ки The Wall Street Journal қайд мекунад, раҳбари Амрикоро ҳушдор дод, ки бо хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА аз Афғонистон, дастгирӣ аз суботи бе ин ҳам ноустуворе, ки дар кишвар барқарор шудааст, амалан қатъ хоҳад шуд. Рӯзи 6 апрел сарвари Пентагон ва раиси сардорони ситодҳо фаҳмиданд, ки Байден тасмиме қабул кардааст, ки хилофи маслиҳати раҳбарони низомӣ аст. Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, раҳбари Амрико исрор меварзид, ки хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА беҳтарин роҳи пешгирӣ аз сар задани амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон хоҳад буд.Рӯзи чоршанбеи гузашта CNN бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Байден сарфи назар аз як қатор ёваронаш ба таҳдидҳои ин иқдом, тасмим гирифтааст, то сарбозонро аз Афғонистон берун кунад. Тибқи иттилои CNN, ба онҳо Милли, Маккензи ва як қатор мансабдорони Департаменти давлатӣ шомил буданд.
https://sputnik.tj/20200601/Amriko-dar-borai-khurui-nizomin-az-Afoniston-fikrashro-ivaz-kard-1031336715.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/17/1032679719_0:0:1601:1201_1920x0_80_0_0_cf542003283f94073f0eb53ce23289fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, пентагон, афғонистон, хуруҷи низомиён
амрико, пентагон, афғонистон, хуруҷи низомиён
Роҳбари Пентагон намехоҳад, низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон берун раванд
12:56 18.04.2021 (Навсозишуда: 12:57 18.04.2021) Роҳбари Пентагон намехоҳад, низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон берун раванд
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Ллойд Остин ба кишвардор Ҷо Байден ҳушдор додаст, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба дастгирии субот дар он кишар ба таври амалӣ хотима хоҳад дод.
Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мухолифат кард, ки президент Ҷо Байден рӯзи чоршанбеи гузашта дар бораи нақшаи то 11 сентябр ба анҷом расонидани онро эълом дошт. Дар ин бора рӯзи шанбе The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳояш хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сарвари Пентагон ба Байден хабар дод, ки якчанд роҳбарони низомии Амрико аз нақшаҳои Кохи Сафед барои хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд. Дар байни онҳо, ба навиштаи нашрия, раиси Кумитаи сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Марк Миллӣ, сардори фармондеҳии марказии (CENTCOM) нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Франклин Маккензи ва фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал-лейтенант Скотт Миллер мебошанд..
Худи Остин, тавре ки The Wall Street Journal қайд мекунад, раҳбари Амрикоро ҳушдор дод, ки бо хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА аз Афғонистон, дастгирӣ аз суботи бе ин ҳам ноустуворе, ки дар кишвар барқарор шудааст, амалан қатъ хоҳад шуд.
Рӯзи 6 апрел сарвари Пентагон ва раиси сардорони ситодҳо фаҳмиданд, ки Байден тасмиме қабул кардааст, ки хилофи маслиҳати раҳбарони низомӣ аст. Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, раҳбари Амрико исрор меварзид, ки хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА беҳтарин роҳи пешгирӣ аз сар задани амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон хоҳад буд.
Рӯзи чоршанбеи гузашта CNN бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Байден сарфи назар аз як қатор ёваронаш ба таҳдидҳои ин иқдом, тасмим гирифтааст, то сарбозонро аз Афғонистон берун кунад. Тибқи иттилои CNN, ба онҳо Милли, Маккензи ва як қатор мансабдорони Департаменти давлатӣ шомил буданд.