Қасри боҳашамати Гулнора Каримова, ки ба музояда гузошта шуд - навор

Обуна шудан
Агентии идораи дороиҳои давлатии Узбекистон хонаи истироҳати Сидҷакро, ки аз духтари калонии президенти якуми кишвар Гулнора Каримова мусодира шудааст, ба фурӯш гузошт
Навори дохили қасри боҳашаматро хабарнигорони рӯзномаи маҳаллии Kun.uz сабт ва паҳн намуданд. Ин навор пас аз он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки ба рӯзноманигорон имкони тамошо кардани ин қасри боҳашамат фароҳам оварда шуд.
Минтақаи курортӣ дар баландии 959 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Бостанлики вилояти Тошканд ҷойгир аст. Масоҳати умумии замини маҷмаа, бо назардошти биноҳо ва иншоот, 5,38 гектарро ташкил медиҳад.
Дар қаламрав меҳмонхона, якчанд ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, коттеҷ, манораи об ва дигар иншоот мавҷуданд.
Минтақаи истироҳатӣ моҳи феврали соли 2017 аз Каримова ҳамчун ҷуброни зарар, ки ба давлат расондааст, гирифта шуд ва ҳоло онро ба фурӯш гузоштаанд.
Созиши Ӯзбекистон бо Швейтсария барои баргардонии миллионҳо доллари Гулнора Каримова
Агентии давлатии идораи дороиҳо барои иштирок дар музояда то 30 апрели соли равон дархостҳо қабул мекунад.
Илова бар ин, маркази тиҷоратии "Пойтахт", меҳмонхонаи "Ичан калъа" ва минтақаи фароғатии "Белдерсай", ки низ ба Гулнора Каримова тааллуқ доштанд, ба музояда гузошта шуданд.
Духтари калонии президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз муҷрим шинохта шуд.
Ҳоло алайҳи вай бо чанд иттиҳоми дигар парвандаи ҷиноӣ таҳқиқ мешавад ва 18 декабри соли 2017, дар доираи як мурофиаи навбатӣ, вай билохира ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Дар моҳи марти соли 2020, суд дар парвандаи нав ҳукмро ба 13 солу чор моҳ дароз кард.
Лентаи хабарҳо
0