Коронавирус дар Бишкек дари 11 макотибро баст

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники идут по улице города Душанбе
Школьники идут по улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Обуна шудан
Дар ду ҳолати ахир хонандагони синфҳои 2,3 ва 9 мубталои коронавирус шуданд ва аз ин рӯ, дари ҳар ду дабистон барои як муддат баста шуд
ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Дар Бишкек боз дари ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бар асари бурузи маризии коронавирус баста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Бар хабари манбаъ, дар ду макотиб хонандагони синфҳои 2,3 ва 9 гирифтори коронавирус шуданд.
Қаблан, мактабҳои рақами 10, 13, 26, 28, 32, 35, 52 ва 63 низ бинобар авҷ гирифтани вируси мазкур барои як муддат ба қарантин фаро гирифта шуданд.
Лечение больных с COVID-19 в ЦКБ РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Марги шаш маризи коронавирус дар Қазоқистону Қирғизистон: вирус ҳамоно фаъол аст
Ҳоло бошад, таҳсил дар 11 макотиби Бишкек қатъ карда шудааст ва ҳамаи хонандагон барои муддати муайян аз таҳсил озод гардиданд.
Манбаъ меафзояд, дар 19 дабистони дигар низ ҳолатҳои мубтало шудани хонандагону омӯзгорон ба коронавирус сабт гардидааст, вале расман кори ин мактабҳо баста нашудааст, танҳо 26 синф ба таълими фосилавӣ гузаронда шуд. Илова бар ин, 2 кӯдакистон низ дар Бишкек бинобар сабт шудани маризии коронавирус баста шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қазоқистону Қирғизистон вазъи коронавирус на онқадар хуб аст ва ҳамарӯза теъдоди маризони нав рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Лентаи хабарҳо
0