ФСБ ҷузъиёти табаддулоти тарҳрезишуда дар Белорусро ифшо кард

© Sputnik / Mikhail Voskresenskiy / Гузариш ба медиабонкУчастники акции в поддержку действующей власти в Минске
Участники акции в поддержку действующей власти в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Обуна шудан
Гумонбарон дар омодасозии табаддулот дар Беларус нақшаи ғорат ва аз худ кардани амволи президент Александр Лукашенкоро доштанд ва дар худи ҷумҳурӣ онҳо мехостанд "демократияро аз рӯи таҷрибаи Полша" ташкил кунанд
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Рӯзи шанбе Лукашенко аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки қасди ҷони ӯ ва фарзандонашро омода мекарданд. Баъдан, Маркази равобити ҷамъиятии ФСБ тафсилот дод: дар Маскав ду ташкилкунандаи табаддулоти эҳтимолии низомӣ боздошт шуданд, ки яке адвокат Юрий Зенкович мебошад, ки шаҳрвандии Амрико ва Белорусро доштааст. Инчунин сиёсатшинос Александр Федута боздошт гардид.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Лукашенко гуфт, ки интиқоли қудратро бо Путин баҳс накардааст
Зимнан, Вести Неделӣ дар шабакаи Россия 1 наворҳо аз лаҳзаи боздошт шудани маъмурони амниятт, аз ҷумла генералони Белорусро намоиш дод. Онҳоро гӯё Зенкович ва Федета барои музокирот даъват намуда буданд.
"Вазифаи рақами як аз байн бурдани чизи аз ҳама муҳим аст. Вазифаи рақами дуюм бастани нерӯҳои дохилӣ, бастани полиси ОМОН аст. Вазифаи рақами се ишғол кардани якчанд ашёи рамзӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумла радио, телевизион", - иқтибос овардааст манбаъ муханони Зенковичро.
Гуфта мешавад, дар мулоқот рӯйхати сиёсатмадорону мансабдорон тартиб дода шудааст, ки онҳо бояд маҳв шаванд.
Ин гурӯҳ бо кмаки хакерҳо ба пойгоҳҳои Вазорати умури дохила, КГБ, Кумитаи тафтишот ва дигар мақомотҳо роҳ ёфтаанд.
Аз рӯи нақша, Зенкович ваъда додааст, ки онҳоро ба артиш таъмин мекунад.
Гумонбарон инчунин нақша доштанд, ки миллатгароёни Украинаро ба омодасозии табаддулот ҷалб кунанд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ширкаткунандагони он борҳо таъкид карданд, ки ҳадафи аслии онҳо қатли раисҷумҳур аст.
"Зеро, агар интихобот ҳоло баргузор шавад, пас Лукашенко ба ҷои Лукашенко интихоб хоҳад шуд. Ва ин барои 25 соли дигар чунин хоҳад буд", - тавзеҳ додааст Зенкович.
Гумонбарон гуфтаанд, ки барои тағир додани ҷомеа ва давлат ба онҳо ҳадди аққал панҷ сол лозим аст. Онҳо тасмим гирифтаанд як шӯрои давлатиро таъсис диҳанд, ки ба он раҳбарони ҳама ҳизбҳои сабтиномшуда шомил шаванд.
Лентаи хабарҳо
0