https://sputnik.tj/20210418/favt-faronsa-vaksin-astrazeneca-1038555423.html
Фавти 8 нафар дар Фаронса аз ваксини AstraZeneca
Фавти 8 нафар дар Фаронса аз ваксини AstraZeneca
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди он, ки ҳолатҳои тромбоз шудан аз ваксини AstraZeneca зиёд ба миён меояд, аммо дар аксар кишварҳо, минҷумла Тоҷикистон эмгузаронии шаҳрвандон бо он идома дорад
2021-04-18T09:30+0500
2021-04-18T09:30+0500
2021-04-18T12:30+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
фаронса
эмгузаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033007513_0:0:2991:1683_1920x0_80_0_0_ebf2ddbcc152ed19f37a98e31c42f923.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Дар доираи эмгузаронии оммавӣ аз маризии коронаиврус дар ин кишвар ҳудуди 3 миллион воя ваксини AstraZeneca истифода шудаастДар Фаронса дасти кам 8 нафар пас аз гирифтани ваксини AstraZeneca ҷон аз даст доданд. Дар ҳар ҳашт нафар тромбоз пайдо шуд, ки сабаби фавти онҳо гардид, менависад РИА Новости.Бар хабари манбаъ, то рӯзи 8 апрел дар кишвар беш аз 2,72 миллион эмгузаронии AstraZeneca гузаронида шуд. Аз 2 то 8 апрел нӯҳ мавриди нави локализатсияи атипии тромбоз ва ду ҳолати коагулятсияи ҷудогонаи паҳншудаи дохили рагҳо муайян карда шуданд.Дар маҷмӯъ, аз оғози маъракаи эмгузаронии аҳолӣ бо AstraZeneca дар Фаронса 23 ҳолати тромбоз ба қайд гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан эмгузаронии шаҳрвандон бо ин ваксин ҷараён дорад.Тоҷикистон ин ваксинро дар доираи механизми COVAX дастрас кард ва бояд 20 дарсади аҳолӣ бо ин ваксин таъмин карда шаванд.
https://sputnik.tj/20210415/daniya-vaksina-astrazeneca-1038472768.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033007513_28:0:2757:2047_1920x0_80_0_0_f9bf08da2782645dbd1def505119c127.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
astrazeneca, ваксин, фаронса
astrazeneca, ваксин, фаронса
Фавти 8 нафар дар Фаронса аз ваксини AstraZeneca
09:30 18.04.2021 (Навсозишуда: 12:30 18.04.2021) ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Дар доираи эмгузаронии оммавӣ аз маризии коронаиврус дар ин кишвар ҳудуди 3 миллион воя ваксини AstraZeneca истифода шудааст
Дар Фаронса дасти кам 8 нафар пас аз гирифтани ваксини AstraZeneca ҷон аз даст доданд. Дар ҳар ҳашт нафар тромбоз пайдо шуд, ки сабаби фавти онҳо гардид, менависад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, то рӯзи 8 апрел дар кишвар беш аз 2,72 миллион эмгузаронии AstraZeneca гузаронида шуд. Аз 2 то 8 апрел нӯҳ мавриди нави локализатсияи атипии тромбоз ва ду ҳолати коагулятсияи ҷудогонаи паҳншудаи дохили рагҳо муайян карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози маъракаи эмгузаронии аҳолӣ бо AstraZeneca дар Фаронса 23 ҳолати тромбоз ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан эмгузаронии шаҳрвандон бо ин ваксин ҷараён дорад.
Тоҷикистон ин ваксинро дар доираи механизми COVAX дастрас кард ва бояд 20 дарсади аҳолӣ бо ин ваксин таъмин карда шаванд.