Зокирзода ба ҳамтоёнаш аз ИДМ: танҳо якҷо мешавад бо мушкилот мубориза бурд

© Парламент ТаджикистанаГлава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Маҳмадтоир Зокирзода омодагии Маҷлиси намояндагонро барои рушду таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва ҳамкории байни кишварҳои узви ИДМ тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ таҳти раисии раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии русия Валентина Матвиенко баргузор шуд.
Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, ҳамаи масъалаҳои дар он зикршударо баррасӣ ва қабул намуданд.
Бино ба гузориши котиботи матбуоти Маҷлиси намояндагон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори нишасти муштараки ҷаласаи Шӯрои мазкур ба таври фосилавӣ ширкат кард ва гуфт, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ омода аст.
Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2020
Пешниҳоди Матвиенко барои афзоиши намояндагии донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон
"Имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ассамблея ба ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва муассир табдил ёфтааст, ки дар таъмин ва таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод саҳми назаррас дорад", - гуфт Зокирзода.
Ӯ афзуд, ки "дар ҷаҳони муосир, танҳо якҷоя кардани саъю кӯшишҳо имкон медиҳад, ки ба мушкилоти мавҷуда ва нав ба қадри кофӣ посух диҳем.
Зокирзода ҳамчунин омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушду таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва ҳамкории байни кишварҳои узви Иттиҳод тасдиқ кард.
"Итминон дорем, ки натиҷаҳои кори якҷояи мо омили тақвияти динамизми иловагӣ ба фаъолияти Шӯрои мо хоҳанд шуд, - хулоса кард раиси Зокирзода.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин дар кори конфронси байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи "Мушкилот ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар заминаи пандемияи COVID-19", "Терроризм ва экстремизми хушунатомез" дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) ширкат кард.
Лентаи хабарҳо
0