https://sputnik.tj/20210416/tojikiston-bori-avval-sodirot-beshtar-az-voridot-gasht-1038514653.html
Дар Тоҷикистон, давоми 15 соли ахир бори аввал содирот аз воридот зиёд шуд
Дар Тоҷикистон, давоми 15 соли ахир бори аввал содирот аз воридот зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар семоҳаи аввали соли 2021 содирот дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бештар аз воридот шудааст.
2021-04-16T13:00+0500
2021-04-16T13:00+0500
2021-04-19T16:54+0500
иқтисод
воридот
содирот
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_374:0:1470:617_1920x0_80_0_0_8835c4adae6e14083a4ceb834bf6f409.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, давоми 15 соли охир барои аввалин бор аст, ки содироти мол нисбат ба воридот афзоиш ёфтааст.Дар семоҳаи аввали соли 2021, содирот нисбат ба воридот 105 миллион доллар зиёдтар будааст.Дар ҳамин ҳол, қаблан ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёд буд.Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали сол тақрибан 34 дарсад афзуда, ба 1, 79 миллиард доллар баробар шудааст.Ҳаҷми маблағи содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли равон 949,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ба кишвар дар ҳаҷми 844,5 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.Аз тоҷикистон бештар металлҳои қиматбаҳо, алюминий, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк ба хориҷ аз кишвар содирот шудааст. Бештар ба ҷумҳурӣ маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона ворид гардидааст.Ёдрас мешавем, чанде пеш хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар афзоиши истеҳсолоти саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ пешқадам аст - дар моҳҳои январ-феврали соли 2021, афзоиши 18,5 дарсадӣ ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210312/sodirot-masraf-ozuqa-tojikiston-1032991822.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_501:0:1456:716_1920x0_80_0_0_f23890a2db6a1702e1b67114371ddd79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, содирот, воридот, гардиши савдои хориҷӣ
тоҷикистон, иқтисод, содирот, воридот, гардиши савдои хориҷӣ
Дар Тоҷикистон, давоми 15 соли ахир бори аввал содирот аз воридот зиёд шуд
13:00 16.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Дар семоҳаи аввали соли 2021 содирот дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бештар аз воридот шудааст
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, давоми 15 соли охир барои аввалин бор аст, ки содироти мол нисбат ба воридот афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2021, содирот нисбат ба воридот 105 миллион доллар зиёдтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, қаблан ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёд буд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали сол тақрибан 34 дарсад афзуда, ба 1, 79 миллиард доллар баробар шудааст.
Ҳаҷми маблағи содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли равон 949,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ба кишвар дар ҳаҷми 844,5 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.
Аз тоҷикистон бештар металлҳои қиматбаҳо, алюминий, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк ба хориҷ аз кишвар содирот шудааст. Бештар ба ҷумҳурӣ маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона ворид гардидааст.
Ёдрас мешавем, чанде пеш хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар афзоиши истеҳсолоти саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ пешқадам аст - дар моҳҳои январ-феврали соли 2021, афзоиши 18,5 дарсадӣ ба қайд гирифта шудааст.