Тасдиқи қонуни нав дар бораи тарбияти исломӣ дар Озарбойҷон

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие мечетей в Таджикистане
Открытие мечетей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Парлумони Озарбойҷон қонуни нави озодии эътиқодоти диниро тасдиқ кард, ки коршиносон онро дар чорчӯби маҳдудтар кардани тарбияти динӣ арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар ин қонун омадааст, ки тарбияи динии кӯдакон набояд бар саломати ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо таъсир бигузорад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинода ба пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз.
Ҳамчунин қонуни нав таъкид мекунад, ки ба истиснои мавориди дар назар гирифташуда дар ин қонун, омӯзишҳои исломӣ дар замони ибодатҳои дастаҷамъӣ ва оинҳо ва маросими диниро фақат ходимони динии муайяншуда бар асоси муқаррароти марбута метавонанд анҷом диҳанд.
Верблюды в пустыне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2019
Ҳиҷрати Ҳазрати Муҳаммад (с) : оғози таърихи нав дар ҷаҳони Ислом
Ба ин тартиб мардуми Озарбойҷон иҷоза нахоҳанд дошт таълимоти диниро ҷуз аз ашхоси муайяне дарёфт кунанд.
Бар асоси ин қонун таблиғи ифротгароии динӣ ва ҳамчунин истифода аз тафовутҳо миёни адён бо аҳдофи сиёсӣ мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0