Таъмини Wi-Fi – и ройгон дар маркази Хоруғ: 10 дақиқаӣ барои як кас

© Пресс-служба ГБАОМегафон обеспечил бесплатный WI FI в центре Хороге
Мегафон обеспечил бесплатный  WI FI  в центре Хороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Ширкати “Мегафон” дар маркази шаҳри Хоруғ, хиёбони Шириншо Шоҳтемур истифодаи ройгони Wi-Fi-ро барои алоқамандон ва меҳмонони маркази вилоят роҳандозӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар маросими ба истифода додани Wi-Fi - и ройгон дар маркази шаҳри Хоруғ иштирок карда, миннатдории мақомоти иҷроияро ба роҳбарияти “Мегафон” баён намуданд, хабар дод котиботи ҳукумати вилоят.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, барои истифодаи Wi-Fi-и ширкати “Мегафон” дар маркази шаҳр ба таври ғайриоддӣ се ҷои нишасти сохта шудаанд.
Манбаъ аз қавли Раҳим Садоншоев, намояндаи ин ширкат иттилоъ дод, ки иқдоми мазкур бо супориши раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонаботов дар муддати як моҳ роҳандозӣ гардид.
“Бо истифода аз шароити муҳайёгардида ба ҳар як муштарӣ ва дӯстдори шабакаҳои интернетӣ дар ҳаҷми 10 дақиқа Wi-Fi-и ройгон пешниҳод карда мешавад. Дар ин макон алоқаи интернетии Wi-Fi ба муддати 24 соат фаъол хоҳад буд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ба иловаи 10 дақикаи истифодаи ройгон аз алоқаи интернетӣ муштариён бо иловатан пардохт намудани 3 сомонӣ муддати 1 соат имкони истифода аз интернети босуръат доранд.
Лентаи хабарҳо
0